бодома بادامه
исм
  1. навъе аз абрешим, ки ҳанӯз онро аз ҳам нагушода бошанд; филақ, бодомча 
    • Эй, ки туро беҳ зи хашин ҷома нест, 

      Ҳукм бар абрешиму бодома нест.

      Низомӣ бештар
    • Кирми бодома шаву ҳарчи хӯрӣ, пок барор,

      То луоби даҳанат бар сари афсар гардад. 

      Низомӣ
    • Ҳама рух, гул, чу бодома зи нағзӣ, 

      Ҳама тан, дил, чу бодом думағзӣ. 

      Низомӣ
  2. ҷинсе аз абрешим бошад, ва низ ҷинсе аз абрешими камина,  қисме аз порчаи нафис, кирме бувад, ки абрешим аз ӯ гиранд
    • Кафан ҳулла шуд кирми бодомаро,

      Ки абрешим аз ҷон танад ҷомаро. 

      Низомӣ
  3. хирқаи мураққаъро ҳам мегӯянд, яъне хирқае, ки аз пораҳои рангин фароҳам дӯхта шуда бошад. Мураққаъи дарвешона, ки аз чанд ранг баҳам дӯхта бошанд, он хирқа, ки аз пари гулҳои сегӯша ё чаҳоргӯшаи хурд хурд бидӯзанд барои нишон ва зебоӣ, мураққаъи дарвешон аст, ки чанд ранг баҳам дӯхта бошанд. Навъе аз нақшҳои хирқаи тасаввуф, ки ба шакли бодом аст. Холи гӯштиро ҳам гуфтаанд ва он ожахмонандӣ аст, ки бештар аз башараи мардум бармеояд, ба маънии хол гӯштие, ки аз башара баромада бошад низ гуфтаанд, чунонки Сайфӣ гуфта
    • Миёни абру бодомаи сиёҳ чунонк,

      Ба қабза бурда яке тири пилла то пайкон 

      *
  4. чашммонанде бошад, ки аз тило ва нуқра созанд ва бар кулоҳи тифлон дӯзанд. Ба маъни гуле, ки бар кулоҳ кӯдакон аз тило ва нуқра ва абрешим дӯзанд ва чун ағлаб он шабеҳ ба пилаи кажӣ абрешимӣ аз якдигар нигшодааст ва ба бодом ва чашм низ мушобеҳат дорад бо ин исм мавсум шуда ва гуфтаанд
    • Аз баски бар кулоҳаш бурдӯхтам ду дида

      Бодома барнишондам бар бастаи кулоҳш

      *
  5.  ба маънии нигин ва меҳр ангуштари ҳам омадааст, ба маънии нигин ва меҳр ангуштарӣ ва нигине, ки ба сурати бодом бошад. ва ангуштари аҳлилҷиро ба эътибори шабоҳат ба бодом, бодома гуфтаанд ва шабоҳати бодом ва чашм возеҳ аст.  нигин ва меҳре, ки ба шакли бодом бошад, ки номҳои дигараш меҳрлузӣ ва бодомӣ аст
    • Бихандӣ пеши ҳар чашме зи чашм хусравт шарме,

      Басанда нест охир бар яке хотам ду бодома. 

      Хусрави Деҳлавӣ
  6. ҳар ҷинси матбӯъро низ гуфтаанд
  7. руқъа ва пахтаро низ гӯянд, ки дарвешон бар хирқа дӯзанд
  8. ҳар дона ва ҳалқаи занҷир, ҳар дона аз занҷир.  Муаллифи Онандроҷ муътақид аст, ки ба маънии анҷир аст на занҷир, муаллифи  Бурҳон дар қироат дучори саҳв шудааст

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, فرهنگ فارسی تاجیکی واژه‌جو. تعریف‌ها از «فرهنگ زبان تاجیکی»، «واژه‌های مصوّب فرهنگستان زبان و ادب فارسی» و دیگر فرهنگ و واژه‌نامه‌های تاجیکی و فارسی را در بر دارد. هر واژه‌ای‌ به دو خط - تاجیکی و فارسی نوشته شده‌است. معنی بادامه، معنی واژه‌ بادامه، معنی کلمه‌ بادامه، معنی عباره‌ بادامه، معنای بادامه، معنای واژه‌ بادامه، معنای کلمه‌ بادامه، معنای عباره‌ بادامه، تعریف بادامه، تعریف واژه‌ بادامه، تعریف کلمه‌ بادامه، تعریف عباره‌ بادامه