исм
  1. фазо ё масоҳате, ки аз тарафи касе ё чизе ишғол шуда бошад ё ишғол шавад ё мавқеъи ягон ҳаракат, амал ва ҳодиса бошад, макон, мавзеъ, маҳал
    • Нигоре суманбӯю моҳе суманбар,

      Лабаш ҷои ҷону рухаш ҷои озар. 

      *
    аз ҷой баркардан از جای برکندن
    феъл
    аз ҷой ҷунбондан, ба ҳаракат овардан
    аз ҷой бурдан از جای بردن
    феъл
    аз ҷой ҷунбондан, ҳаракат додан, аз ҷо беҷо кардан
    аз ҷо паридан از جا پریدن
    феъл
    аз ҷо ҷастан, ҷастухез кардан
  2. манзили истиқомат, оилаву рӯзгор, бошишгоҳ, манзил
    • Зинҳор то ба хашм як тозиёна назанӣ, ки он гоҳ ҷои ту ҷаҳаннам бувад. 

      Аҳмади Дониш
    ҷо кардан جا کردن
    феъл
    манзил гирифтан; ҷой гирифтан, нишастан
    худро ҷо кардан خودرا جا کردن
    феъл
    худро ҷой гирондан дар ҷое, ки лаёқати онро надорад
  3. мавқеъ, маврид
    • Агар бахшуд хоҳӣ ҳаргиз, эй ҷон,

      Бар ин дил, ҷои бахшоиш кунун аст. 

      Анварӣ
  4. куҷо
    • Эй намуда турш рӯй, аз ҷо буд ин шӯхи туро?

      Луғати фурс
    аз он ҷо از آن جا
    бино бар он ..., ба сабаби он ...
    ҷои касе дар чашм جای کسی در چشم
    киноя аз бисёр азиз доштан касеро
    то ба ҷое تا به جای
    зарф
    то ба дараҷае...
    аз ҷо даромадан از جا درامدن
    киноя аз мутаассир гардидан; музтариб ва беқарор шудан
    аз ҷо рафтан از جا رفتن
    феъл
    мушавваш ва парешон шудан, тарсу бим пайдо кардан
    ба ҷой мондан به جای ماندن
    феъл
    пойдор мондан
    ба ҷое расидан به جای رسیدن
    феъл
    ба дараҷае расидан
    ба ҷои занон расидан به جای زنان رسیدن
    феъл
    ба ҳадди булуғ расидани духтар
    ба ҷое қарор гирифтани гап به جای قرار گرفتن گپ
    ба хулосае омадани аҳли маслиҳат
  5. дам, вақт
  6. маҷ. мансаб, вазифа, кор, мартаба
  7. қисм, пора, ҳисса
  8. ҷойгоҳ, ҷогаҳ, рахти хоб
  9. сабаб, асос
  10. тараф, ҷиҳат
  11. маҷ. идора, ташкилоти дахлдор

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии ҷо, маънии вожаи ҷо, маънии калимаи ҷо, маънии ибораи ҷо, маънои ҷо, маънои вожаи ҷо, маънои калимаи ҷо, маънои ибораи ҷо, таърифи ҷо, таърифи вожаи ҷо, таърифи калимаи ҷо, таърифи ибораи ҷо, значение ҷо, значение слова ҷо, значение фразы ҷо, значение выражения ҷо, определение ҷо, определение слова ҷо, определение фразы ҷо, определение выражения ҷо