ҳарф حرف
исм
  1. аломат барои ифодаи овозҳо дар алифбо
    • Чи нуқсон зи як мурғ дар хирмане,

      Чи бешӣ зи як ҳарф дар дафтаре.

      Манучеҳрӣ
    ҳарфи таъриф حرف تعریف
    исм
    вожа, пешванд ё пасванде аст, ки бо исм ба кор меравад то онро муайян созад; артикл
  2. сухан, калима, гап; ҳикмат
    • Ба ҷиҳати иброми он ҷамоат ҳарфе чанд бинависанд.

      Авфӣ бештар
    • То кай ба саманд медиҳӣ дав,

      К-он ҳарфи Низомӣ асту Хусрав?

      Шоҳин
    • Ба дилҳои пур аз хун ҳарфи он зулфи дуто бикшо,

      Сари ин нофармо пеши ғазолони Хито бикшо.

      Соиб
  3. дастури забон ҳиссаи номустақили нутқ
    ҳарфи гулӯсӯз حرف گلوسوز
    киноя аз сухани тунду талх
    ҳарфи масруқ حرف مسروق
    ҳарфе, ки навишта шаваду хонда нашавад, чунончи дар алифбои арабӣ: خواب (хвоб–хоб), خواهر (хвоҳар–хоҳар)
    ҳарфи мағздор حرف مغزدار
    киноя аз сухани дақиқ, гапи ҷондор
    ҳарфи таҳдор حرف ته‌دار
    киноя аз ҳарфи маъқул, сухани бомазмун
    ҳарфи қолибӣ حرف قالبی
    киноя аз сухани забонзадшуда, сухане, ки гӯянда аз дигарон шунида ба маънояш пай набурда гӯяд
    ҳарфи ҷавҳардор حرف جوهردار
    киноя аз сухани обдору нағзу барҷаста
    ҳарф ба ҳарф حرف به حرف
    зарф
    нуқта ба нуқта; айнан, таҳтуллафз; сар то по
    ҳарф кушодан حرف کشادن
    феъл
    киноя аз гап сар кардан, ба гапзанӣ сар кардан
    ҳарф аз даҳан кашидан حرف از دهن کشیدن
    1. 1.
      киноя аз гап гирифтан аз касе
    2. 2.
      киноя аз гапи касеро тамом нокарда буридан
    ҳарф ба ҳадди хеш задан حرف به حد خویش زدن
    киноя аз ба андозаи худ сухан гуфтан, аз ҳадди худ нагузаштан
    ҳарф дар қафо задан حرف در قفا زدن
    киноя аз ғайбат кардан, дар ғайби касе сухани бад гуфтан
    ҳарф дуто шудан حرف دوتا شدن
    киноя аз бо ҳам мувофиқ наомадани қавлу амал

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии ҳарф, маънии вожаи ҳарф, маънии калимаи ҳарф, маънии ибораи ҳарф, маънои ҳарф, маънои вожаи ҳарф, маънои калимаи ҳарф, маънои ибораи ҳарф, таърифи ҳарф, таърифи вожаи ҳарф, таърифи калимаи ҳарф, таърифи ибораи ҳарф, значение ҳарф, значение слова ҳарф, значение фразы ҳарф, значение выражения ҳарф, определение ҳарф, определение слова ҳарф, определение фразы ҳарф, определение выражения ҳарф