ҳалол حلال
арабӣ
сифат
муқобили ҳаром 1; ончи ки хӯрдан, нӯшидан ё анҷом додани он ба ҳукми шаръ раво бошад; раво, ҷоиз, муҷоз
  • Ҳалол бар уқалову ҳаром бар ҷуҳҳол,

    Ки май маҳак бувад, хайру шар аз ӯ муштақ.

    Ибни Сино бештар
  • Тарсам, ки сарфае набарад рӯзи бозхост,

    Нони ҳалоли шайх зи оби ҳароми мо.

    Ҳофиз
ҳалола حلاله
арабӣ
исм
никоҳ кардан муталлақаи салосаро то барои завҷи аввал ҳалол шавад
  • Ҳарки мар ӯро талоқ дод биҷӯедаш,

    Дӯст надорад магар зи шӯи ҳалола.

    Носири Хусрав
ҳалолзода حلال‌زاده
сифат
фарзанде, ки аз падару модари қонунӣ таваллуд ёфтааст; маҷ. одами пок, одами ростқавл, амин
  • Ҳикояти суол ва ҷавоби он ҳаким, ки ҳалолзода кист ва ҳалол чист?

    Абдураҳмони Ҷомӣ
ҳалолкор حلالکار
сифат
дурусткор, бовиҷдон
ҳалолкорӣ حلال‌کاری
исм
дурусткорӣ, бовиҷдонӣ
ҳалолкорона حلال‌کارانه
зарф
дурусткорона, бовиҷдонона
ҳалолӣ حلالی
исм
  1. ҳалол будан, дуруст будан аз нуқтаи назари шариъат ва қонун, қонунӣ будан
    ба ҳалолӣ به حلالی
    зарф
    мувофиқи шариъат ва ризои худ
  2. бахшидани қарз ё гуноҳ
  3. занӣ, завҷагӣ
    • Хостгорӣ фиристодани ҳазрати соҳибқиронии гетиситон ба сӯи он моҳи меҳрубон ва талаб кардан ӯро ба ҳалолӣ.

      Фатҳнома
ҳалолнамакӣ حلال‌نمکي
исм
миннатдорӣ, сипосгузорӣ дар бадали некӣ
  • Алоуддавла ... аз камоли ҳалолнамакӣ тарки аёл ва атфол гирифт.

    Таърихи Фаришта
ҳалолӯш هلالوش
исм
ҳаёҳу, фитнаву ошӯб ва онро халолӯш низ гӯянд
  • Ҳалолӯшҷӯёни дин беҳушанд,

    Ту беҳушро дар ҳалолӯш кун.

    Носири Хусрав
ҳалолат бод حلالت باد
нидо
офарин!, аҳсант!

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии ҳалол, маънии вожаи ҳалол, маънии калимаи ҳалол, маънии ибораи ҳалол, маънои ҳалол, маънои вожаи ҳалол, маънои калимаи ҳалол, маънои ибораи ҳалол, таърифи ҳалол, таърифи вожаи ҳалол, таърифи калимаи ҳалол, таърифи ибораи ҳалол, значение ҳалол, значение слова ҳалол, значение фразы ҳалол, значение выражения ҳалол, определение ҳалол, определение слова ҳалол, определение фразы ҳалол, определение выражения ҳалол