ҳад حد ҳадд
арабӣ
исм
  1. андоза, дараҷа
    • Бад-он ҳад, ки-шон буд ниру ба ҷой,

      Суви гӯшт карданд оҳангу рой.

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Амир ба боғи фирӯзӣ шароб мехӯрд ва чандон гули садбарг рехта буд, ки ҳад надошт.

      Таърихи Байҳақӣ
  2. ниҳояти ҳар чиз, канор, поён, охир
    • Макону замон ҳар ду аз баҳри сунъ аст,

      Аз ин нест ҳадде замину замонро.

      Носири Хусрав бештар
    • Ҳад надорад ин сухан, кӯтоҳ кун,

      В-аз ҳадиси ошиқон баргӯ сухун.

      Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ
  3. ҷои аз ҳам ҷудошавии ду кишвар, марз, сарҳад; ҷониб; кишвар
    • Ва он работ аввали ҳадди Ғӯр аст.

      Таърихи Байҳақӣ бештар
    • Волӣ ба ҳадди Шом яке паҳлавони ӯст,

      Омил ба ҳадди Рум яке кордори ӯст.

      Муъиззӣ
  4. ҷазои ҷисмонӣ барои аз роҳи дин берун баромадан; ҷазо; ҳад задан, муҷозот мувофиқи қонуни шариъат
    • Чаро доманолударо ҳад занӣ,

      Чу худро шиносӣ, ки тардоманӣ.

      Саъдӣ бештар
    • Чаро касеро, ки ҳад заданӣ ва уқубат карданӣ буд, накардед?

      Аҳмади Дониш
    ҳадди авсоф حد اوصاف
    исм
    дараҷаи олии таърифоту тавсифот; тавсифоти муболиғавӣ
    ҳадди булуғ حد بلوغ
    исм
    синни балоғат
    ҳадди имкон حد امکان
    исм
    андоза ё дараҷаи мумкин будани чизе, то мумкин аст
    ҳадди кеҳин حد کهین
    сифат
    андозаи хурдтар, меъёри хурдтарини таърифи чизе; хурдтар, минимум
    ҳадди меҳин حد مهین
    сифат
    меъёри калонтарини таърифи чизе, максимум
    аз ҳад берун از حد بیرون
    киноя аз андоза берун, бисёр, зиёд, бениҳоят
    ҳадди миёнагин حد میانکین
    сифат
    меъёри миёнаи таърифи чизе
    ҳадди эътидол حد اعتدال
    исм
    ҳадди муътадил; доираи имкон
    аз ҳадди эътидол таҷовуз намудан از حد اعتدال تجاوز نمودن
    киноя аз ҳад гузаштан, аз доираи имкон берун шудан
    аз ҳадди эътидол фитодан از حد اعتدال فتادن
    киноя аз паст рафтан, таназзул кардан
    аз ҳадди эътидол баромадан از حد اعتدال برامدن
    киноя аз ба камол расидан, ба воя расидан
    ҳадду ҳаср حد و حصر
    исм
    андоза, ҳисоб
    аз ҳад афзун از حد افزون
    киноя аз андоза зиёд
    то ба ҳадде ки تا به حدی که
    пайвандак
    то андозае ки ...
    ҳад доштан حد داشتن
    феъл
    ихтиёр ва имконият доштан
    аз ҳад гузаштан از حد گزشتن
    аз андоза таҷовуз кардан, аз андозаи худ берун баромадан, таъаддӣ кардан
    аз ҳад шудани ваъда از حد شدن وعده
    аз муҳлат гузаштани ваъда

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии ҳад, маънии вожаи ҳад, маънии калимаи ҳад, маънии ибораи ҳад, маънои ҳад, маънои вожаи ҳад, маънои калимаи ҳад, маънои ибораи ҳад, таърифи ҳад, таърифи вожаи ҳад, таърифи калимаи ҳад, таърифи ибораи ҳад, значение ҳад, значение слова ҳад, значение фразы ҳад, значение выражения ҳад, определение ҳад, определение слова ҳад, определение фразы ҳад, определение выражения ҳад