қаср قصر II
арабӣ
исм
кох, сарой, кӯшк
  • Бинои сад ҳазорон қасру айвон,

    Ниҳод аз дурри софу лаълу марҷон.

    Бадри Чочӣ бештар
  • ...Замоне, ки дар қасри ноустувори ҳаёти Ҳумоюнмирзо қусур роҳ ёфт, бинои бемадори давлаташ рӯй дар инҳидом овард.

    Таърихи Сайидроқим
қасри биҳишт قصر بهشت
исм
кохи зебо, ороста ва пурнақшу нигори биҳиштӣ
қасри муҳанно قصر مهنا
исм
осоишгоҳ
қасри фирдавс قصر فردوس
исм
киноя аз биҳишт
қасри иҷобат قصر اجابت
исм
даргоҳи қабул; масҷид; Каъба
қасри дувоздаҳдарӣ قصر دوازده‌دری
исм
осмони ҳаштум ба эътибори дувоздаҳ бурҷ
қасри димоғ قصر دماغ
исм
қувваи мудрика, қувваи андеша ва тафаккур, қувваи идрок, ақл ва зеҳн
қасри гардун قصر گردون
исм
киноя аз осмон
қасри Ширин قصر شیرین
исм
  1. 1.
    дар афсонаи «Хусраву Ширин» қасрест, ки Ширин сохта буд
  2. 2.
    номи шаҳрест дар Эрон, дар ғарби Кирмоншоҳ
қасри ҳубоб قصر حباب
исм
тангӣ; хонаи танг, тангно
қасри мушаббак قصر مشبک
сифат
қасре, ки шифташ сӯрохҳо дорад
қасри зарнигор قصر زر‌نگار
исм
кохи зебо, кохи тиллокорӣ
қасри ҳӯр قصر هور
исм
қасри биҳишт, ки гӯё дар он ҳӯриён мебошанд
қасри ҳурулъин قصر حورولعین
исм
қасри ҳӯриёни шаҳлочашм – бошандагони биҳишт
қасри ҷабарут قصر جبروت
исм
  1. 1.
    мақоми баланд ва бузург
  2. 2.
    киноя аз осмон
баланд шудани қасри маонӣ بلند شدن قصر معانی баланд шудани қасри маъонӣ
киноя аз гуфта шудани мазмунҳои олӣ
қаср قسر I
арабӣ
исм
ҷабр, ба зӯрӣ ба коре водор кардан
  • Ҷунбиши ҷисмҳо се гуна бувад: яке ба араз бувад ва яке ба қаср ва яке ба табъ.

    Ибни Сино
қаср قصر III
арабӣ
исм
кӯтоҳӣ, норасоӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии қаср, маънии вожаи қаср, маънии калимаи қаср, маънии ибораи қаср, маънои қаср, маънои вожаи қаср, маънои калимаи қаср, маънои ибораи қаср, таърифи қаср, таърифи вожаи қаср, таърифи калимаи қаср, таърифи ибораи қаср, значение қаср, значение слова қаср, значение фразы қаср, значение выражения қаср, определение қаср, определение слова қаср, определение фразы қаср, определение выражения қаср