қадар قدر
арабӣ
исм
  1. андоза, дараҷа, миқдор (аксаран бо калимаҳои ′он′, ′ин′, ′ҳамин′, ′чи, ′ҳар′)
    • Шаб омад, дигар ҷанг кардан чи суд?

      Гумонам ба ту ин қадарҳо набуд.

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Бо он ки дар вуҷуди таъом аст айши нафс,

      Ранҷ оварад таъом, ки беш аз қадар бувад.

      Саъдӣ
    • Тири ошиқкуш надонам бар дили Ҳофиз ки зад,

      Ин қадар донам, ки аз шеъри тараш хун мечакад.

      Ҳофиз
    қадаре قدری
    зарф
    як қадар; андак, каме, қадре
    на он қадар نه آن قدر
    зарф
    начандон
    ҳамин қадар همین قدر
    зарф
    1. 1.
      ин миқдор, ин андоза
    2. 2.
      зиёд, бисёр
    3. 3.
      фақат ҳаминро, танҳо инро
    ҳар қадар هر قدر
    зарф
    1. 1.
      ҳар андоза, чи қадаре ки; чандон ки
    2. 2.
      ҳарчанд, агарчи, бо вуҷуди он ки
    ҳар чи қадар هر چه قدر
    пайвандак
    1. 1.
      ба чи андозае ки…
    2. 2.
      ҳарчанд ки, агарчи, чандон ки
    як қадар یک قدر
    зарф
    1. 1.
      як миқдор, қадре, як андоза, ба андозае
    2. 2.
      камтар, андаке, то андозае
    чи қадар ки چه قدر که
    пайвандак
    ҳар қадар ки…, чи миқдоре ки…
    ин қадар این قدر
    зарф
    1. 1.
      ин миқдор (андоза, дараҷа)
    2. 2.
      то ин андоза, то ба ин дараҷа; чунин; зиёд, бисёр
    он қадар آن قدر
    1. 1.
      он миқдор; ба он андоза; чандон (зиёд)
    2. 2.
      ба дараҷаи хуб, ба таври бояду шояд
    чи қадар چه قدر
    зарф
    1. 1.
      чи миқдор?
    2. 2.
      чи андоза, ба кадом дараҷа
    3. 3.
      чи тавр, бисёр; хеле
  2. сарнавишт, тақдир, қисмат, насиб
    • Қазо гуфт: Гиру қадар гуфт: Деҳ,

      Фалак гуфт: Аҳсан, малак гуфт: Зеҳ!

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Бар остони майкада хун мехӯрам мудом,

      Рӯзии мо зи хони қадар ин навола буд.

      Ҳофиз

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии қадар, маънии вожаи қадар, маънии калимаи қадар, маънии ибораи қадар, маънои қадар, маънои вожаи қадар, маънои калимаи қадар, маънои ибораи қадар, таърифи қадар, таърифи вожаи қадар, таърифи калимаи қадар, таърифи ибораи қадар, значение қадар, значение слова қадар, значение фразы қадар, значение выражения қадар, определение қадар, определение слова қадар, определение фразы қадар, определение выражения қадар