ғоя غایه ғоят غایت
арабӣ
исм
  1. ниҳоят, интиҳо, охир, поён, анҷом
    • Ва носеҳони вай боз намуда буданд, ки ғавр ва ғояти ин ҳадис бузург аст.

      Таърихи Байҳақӣ бештар
    • Ғояти мӯи ман сапед бувад,

      З-ин шигифти ҳаме шавам дилтанг. 

      Носири Хусрав
  2. андоза, ҳад
    • Дар паси ин пардаи зангоргун

      Ориятонанд зи ғоят бурун. 

      Низомӣ бештар
    • Фунуни фазли туро ғоятею ҳадде нест,

      Ки нафси нотиқаро қуввати баён монад. 

      Саъдӣ
  3. аз ғояти ... аз бисёрии ..., аз фарти ...
    • Аз ғояти бенангиву аз ҳирси гадоӣ

      Устодтар аз вай ҳама ин ёфадироён. 

      Сӯзанӣ
    ба ғоят به غایت
    зарф
    ҷудо, бисёр, хеле
    то ғояте تا غایت‌ی
    пайвандак
    то ба ҳадде, то ба дараҷае
    дар ғояти در غایت
    пайвандак
    дар камоли ... дар ниҳояти ... 
    ба ғоят расидан به غایت رسیدن
    феъл
    ба ҳадди охир расидан, ба охирин нуқта расидан
    то ғоят تا غایت
    зарф
    то ба ғоят, то ин дам, то ин дам, то ба ҳол; ҳанӯз, то кунун
  4.  маҷ. ба камол, ба воя расидан
    • Гул ба ғоят расид, бигзоред,

      То бинолад ҳазордастонаш. 

      Саъдӣ
  5. мақсад, мурод
    • Шамсулмаонӣ дар маърифати қадри ӯ ва тақдими хадамоти писандида ба ҳама ғояте расид. 

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии ғоя, маънии вожаи ғоя, маънии калимаи ғоя, маънии ибораи ғоя, маънои ғоя, маънои вожаи ғоя, маънои калимаи ғоя, маънои ибораи ғоя, таърифи ғоя, таърифи вожаи ғоя, таърифи калимаи ғоя, таърифи ибораи ғоя, значение ғоя, значение слова ғоя, значение фразы ғоя, значение выражения ғоя, определение ғоя, определение слова ғоя, определение фразы ғоя, определение выражения ғоя