Ёрон чу ҷавоб гӯш карданд,
Аз гуфтаи худ хамӯш карданд.
Ёре дар паҳлӯи ӯ истода буд, ки номи ӯ Холид ибни Асад буд.
Аз ёр шиква кардаму дорам зи инфиол,
Хат бар замин зи шухии гуфтор мекашад.
Чи некӯ сухан гуфт ёре ба ёре,
Ки то кай кашем аз хусур зиллу хорӣ?
Набуд чун ту малик дар ҷаҳон ҷаҳондоре,
Наёфарид худои ҷаҳон туро ёре.