шох شاخ
исм
  1. он қисми дарахт, ки аз танаи асосӣ мерӯяд, он қисми дарахт, ки аз тана рӯида дар он баргҳо пайдо мегардад
    • Кабӯтари ҳарами ӯ ба шохи сидраву тубӣ,

      Намедиҳад хасу хошок ошёнаи худро.

      Абдураҳмони Ҷомӣ бештар
    • Маро чу шохи суман кард тарбият айём,

      Вале чи суд, ки маҳруми бӯстон шудаам.

      Шоҳин
  2. ҷисми устухонмонанд, ки бар сари баъзе ҳайвонот ҳамчун буз, тагал, гов, гавазн ва ғ. мерӯяд
  3. маҷ. даст аз сари ангуштон то китф
    • Бад-он шоху ёлу бад-он фарру бурз,

      Ки хоро чу хор омадӣ з-ӯ ба гурз.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  4. маҷ. сар, дастҳо ва пойҳо (ба эътибори ин ки мисли шохаҳои танаи дарахт рустаанд)
    • Ҳамаш рангу бӯю ҳамаш қадду шох,

      Саворе миён лоғару бар фарох.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  5. маҷ. наслу нажод
    • Чунон дид, к-аз шохи шоҳаншаҳон,

      Се ҷангӣ падид омадӣ ногаҳон.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  6. маҷ. шуъба, соҳа; қисми; мазҳаб
    • Ва фоидаи хитобат андар сиёсати мардум бувад ва андар шохҳои шариат.

      Ибни Сино
  7. ҷӯй ё дарёи хурде, ки ба дарёи калон мерезад
  8. пиёла, қадаҳе, ки барои шаробнӯшӣ аз шохи ҳайвон сохтаанд
    • Фитода бар сараш аз бодаи шабина хумор,

      Ба азми айш сабӯҳӣ ниҳода бар каф шох.

      *
  9. карнае, ки аз шохи ҳайвон сохта шудааст
    шохи набот شاخ نبات
    шӯшаи набот
    шох дар шох شاخ در شاخ
    печ дар печ, гуногун
    шох-шох شاخ شاخ
    сифат
    рах-рах
    шох-шох гардидан شاخ شاخ گردیدن
    феъл
    пора-пора шудан
    ба шохи сухун дидор ёфтан به شاخ سخون دیدار یافتن
    аз илму дониш баҳраманд гардидан
    бар шохи оҳу чарми гӯр кашидан بر شاخ آهو چرم گور کشیدن
    камонкашӣ ва тирандозӣ кардан

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии шох, маънии вожаи шох, маънии калимаи шох, маънии ибораи шох, маънои шох, маънои вожаи шох, маънои калимаи шох, маънои ибораи шох, таърифи шох, таърифи вожаи шох, таърифи калимаи шох, таърифи ибораи шох, значение шох, значение слова шох, значение фразы шох, значение выражения шох, определение шох, определение слова шох, определение фразы шох, определение выражения шох