чун چون
пайвандак
  1. чи гуна, чи тавр, чи хел
    • Маро донӣ, ки бе ту ҳол чун аст,

      Ба ҳар мижгон ҳазорон қатра хун аст. 

      Анварӣ бештар
    • Гуфтӣ: Паси ҳр тирагие равшание ҳаст,

      Чун даст, ки ҳаргиз шаби моро саҳаре нест?

      Камоли Хуҷандӣ
  2. чаро, барои чи
    • Чун медонӣ, ки бе ту чун мегузарад,

      Чун мепурсӣ, ки дар фироқам чунӣ?

      Таърихи Фаришта
  3. вақте ки..., ҳангоме ки ... 
    • Чун ба тахаллус расид, пурсид, ки Восифӣ кист. 

      Восифӣ бештар
    • Чун маҳбасҳо аз бандӣ пур мешуд, бароварда рама-рама ба қатл мерасонид. 

      Аҳмади Дониш
    чун ки چون که
    вакте ки ..., ҳангоме ки ...
  4. агар, вақте ки
    • Зи ҳар донише чун сухан бишнавӣ,

      Аз омӯхтан як замон нағнавӣ. 

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Шавад майхонаҳо зеру забар, чун дида бикшоӣ,

      Барорад нашъаи майро зи сағар гардиши чашмат.

      Мулҳам
  5. бино бар он ки, азбаски, аз он ҷо, ки, аз сабаби он ки
    • Чун ҳама мардум ба ду дида хушанд,

      Ранҷи ду дида ба ду дида кашанд.

      Хусрави Деҳлавӣ бештар
    • Чун илтифоту инояти ӯ дар бораи уламо бештар буд, аз ин ҷиҳат умаро бад-ӯ ба нифоқ зист мекарданд.

      Аҳмади Дониш
  6. монанди ..., мисли ...
    • Шояд дар сад қари яке чун падари ту пайдо нашавад. 

      Маҷмаъу-л-ансоб бештар
    • Мутаоқиби он чун балои ногаҳон зане мушаъан чӯбе дар даст расид.

      Садри Зиё
    чун..., ки چون...، که
    монанди он ки, чунон ки, чи тавр ки, он тавр ки
    чуниву чандӣ چونی و چندی
    пурсиши аз ҳад зиёд, талаби зиёди сабабу далел барои фаҳмидани моҳияти масъала
    чуну чанд چون و چند
    чигунагӣ ва миқдор, чи гуна ва чи қадар; киноя аз доираи ҳисоб, ниҳояти ҳисоб
    чуну чаро چون و چرا чуну чиро
    чи тавр ва барои чи? (пурсишест, ки барои фаҳмидани моҳияти чизҳо ба кор меравад)

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии чун, маънии вожаи чун, маънии калимаи чун, маънии ибораи чун, маънои чун, маънои вожаи чун, маънои калимаи чун, маънои ибораи чун, таърифи чун, таърифи вожаи чун, таърифи калимаи чун, таърифи ибораи чун, значение чун, значение слова чун, значение фразы чун, значение выражения чун, определение чун, определение слова чун, определение фразы чун, определение выражения чун