Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
худ خود I
ҷонишин
  1. хеш, хештан
  2. ба ҷои ҷонишинҳои шахсӣ низ кор фармуда мешавад
    • Агар худ бимонӣ ба гетӣ дароз,

      Зи ранҷи тан ояд ба рафтан ниёз. 

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Боре ба умр як хабаре ёбаме зи ту,

      Чун нест аз ҳавои ту аз худ хабар маро. 

      Анварӣ
    • Бояд ки худ ба сифати адлу инсоф ва амонату диёнат муттасиф бошад.

      Аҳмади Дониш
  3. баъзан дар ҷумла маъноҳои аслан, асосан, ҳақиқатанро ифода мекунад
    • Ё вафо худ набуд дар олам,

      Ё магар кас дар ин замона накард. 

      Саъдӣ бештар
    • Дилам рафту зи ту коре наёмад,

      Маро бо ин фузулӣ худ чи кор аст?! 

      Анварӣ
    • Ҷуз лутфу ҷуз ҳаловат худ аз шакар чи ояд,

      Ҷуз нур пахш кардан худ аз қамар чи ояд?!

      Шамси Табрезӣ
    худ ба худ خود به خود
    зарф
    ба майли худаш, бе сабаби берунӣ
    худро баланд кашидан خود را بلند کشیدن
    киноя аз мағрур шудан, худситоӣ кардан
    худро ҷамъ кардан خود را جمع کردن
    1. 1.
      худдорӣ кардан аз ҳаракату рафторҳои бемаънӣ
    2. 2.
      киноя аз хотирҷамъ шудан
    худро ба обу оташ задан خود را به آب و آتش زدن
    киноя аз барои расидан ба мақсад ҳар чорае, ҳатто чораҳои хатарнокро кор фармудан
    аз худ баромадан از خود برآمدن
     аз ҳад зиёд рӯҳбаланд шудан, аз ҳад зиёд ба ҳаяҷон омадан
    аз худ даргузаштан از خود درگذشتن
    ҷои фидо кардан, худро қурбон кардан
    аз худ кардан از خود کردن
    ба худ наздик кардан, моил гардонидан
    аз худ шудан از خود شدن
    феъл
    аз они худ шудан, наздик шудан
    ба худ супурдан به خود سپردن
    феъл
    мағрур будан
    бар худ болидан بر خود بالیدن
    феъл
    фахр кардан, сарафроз шудан
    бар худ печидан بر خود پیچیدن
    феъл
    алам ва дард кашидан, дар азоб мондан, дар тобу таб афтодан
    бар худ чидан بر خود چیدن
    феъл
    такаббуру ғурур кардан
    ба худ шикастан به خود شکستن
    феъл
    нозидан ва мағрур шудан
    дар худ гум шудан در خود گم شدن
    феъл
     аз худ рафтан, бетоқат шудан
худ خود II
исм
равоншиносӣ куллияти фард, шомили ҳамаи вежагиҳои огоҳона ва ноогоҳона ва ҷисми зеҳнии ӯ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии худ, маънии вожаи худ, маънии калимаи худ, маънии ибораи худ, маънои худ, маънои вожаи худ, маънои калимаи худ, маънои ибораи худ, таърифи худ, таърифи вожаи худ, таърифи калимаи худ, таърифи ибораи худ, значение худ, значение слова худ, значение фразы худ, значение выражения худ, определение худ, определение слова худ, определение фразы худ, определение выражения худ