хишт خشت I
исм
оҷури хом, оҷур, лойе, ки ба қолиб рехта хушконда шудааст ва барои иморат ба кор меравад
  • Ба фармони ӯ ин пулро аз хишти пухта сохтанд.

    Таърихи Наршахӣ бештар
  • Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,

    То Сурайё меравад девор каҷ.

    *
хишти пухта خشت پخته
сифат
хиште, ки дар хумдон пухта бошанд
хишти сари хум خشت سر خم
исм
хиште, ки бо он сари хуми шаробро маҳкам мекунанд
хишти хом خشت خام
исм
хишти дар хумдон пухтанашуда
хишт задан خشت زدن
феъл
хишт рехтан
хишт рехтан خشت ریختن
феъл
лойро ба қолиби махсус рехта хишт сохтан
хишти хом андар об афкандан خشت خام اندر آب افکندن
киноя аз кори беҳуда кардан
аз ҷой рафтани хишт از جای رفتن خشت
намондани умеди беҳбудӣ дар коре
хиште ба хайр гузоштан خشتی به خیر گزاشتن
киноя аз дар роҳи хайр иморате кардан, сохтани обанбор, корвонсарой, меҳмонсарой ва ғ.
хишт бар об задан خشت بر آب زدن
киноя аз кори беҳуда кардан
бар хишт зодан بر خشت زادن
феъл
амалест, ки занони ҳомиладор барои осон кардани зоиши тифл хиштро зери пояшон гузошта бар сари по менишинанд ва зӯр бар ҳар ду по мезананд
хишт خشت II
исм
навъе аз найзаи хурд
  • Баромад дурахшидани теғу хишт,

    Ту гуфтӣ ҳаво бар замин лола кишт.

    Абулқосим Фирдавсӣ бештар
  • Севум ҳамчунин хишт бар вай шикаст,

    Нашояд ба хишт обро бозбаст.

    Низомӣ
хишт خشت III
исм
навъи қарта, ки дар шакли хишт аст
хишт خشت IV
исм
номи қисме (наск) аз 21 қисми “Занду Позанд” аст
хишт خشت V
исм
навъе аз ҳалвост, ки ба шакли порча ва қурс тайёр мекунанд

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии хишт, маънии вожаи хишт, маънии калимаи хишт, маънии ибораи хишт, маънои хишт, маънои вожаи хишт, маънои калимаи хишт, маънои ибораи хишт, таърифи хишт, таърифи вожаи хишт, таърифи калимаи хишт, таърифи ибораи хишт, значение хишт, значение слова хишт, значение фразы хишт, значение выражения хишт, определение хишт, определение слова хишт, определение фразы хишт, определение выражения хишт