Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
хат خط I хатт
арабӣ
исм
  1. асари қалам, ҳарфҳои навишта дар рӯи коғаз ё чизи дигар, навишта
    • Гуфт: Чи гуна мебинӣ ин дебои муаллам бар ин ҳайвони лояълам? Гуфтам: Хатте зишт аст, ки ба оби зар набиштааст. 

      Саъдӣ бештар
    • Вирди забон аст савобу гизоф,

      Хат нанависад қалами бешикоф. 

      Хусрави Деҳлавӣ
  2. мактуб, нома
    • Ва ҳама аъёни шаҳр бар он сулҳнома хатҳо навиштанд. 

      Таърихи Наршахӣ бештар
    • Ба зинҳор дар дасти Рустам ниҳод,

      Чунон хатту савганду он расму дод. 

      Абулқосим Фирдавсӣ
    хати сиёҳ خط سیاه
    исм
    хате, ки вақти ҷанг дар бораи кушта шудани касе ба наздиконаш фиристода мешуд
  3. фармон; санад, ҳуҷҷат
    • Бар сесад ҳазор динор қарор гирифт ва бад-ин хат бидоданд. 

      Таърихи Байҳақӣ
    хатти озодӣ خط آزادی
    исм
    фармони озодӣ
  4. маҷ. риши навбаромада
    • Варақи гул бидаридаст сабо,

      То бидид он хатти чун марзангӯш.

      Хусрави Деҳлавӣ
  5. тарзи навишт
    ҳусни хат حسن خط
    исм
    зебоии тарзи навишт, санъати зебонависӣ, хушнависӣ
  6. риёзӣ фосилаи байни ду нуқта, он чи (кашиши қалам ё дигар) байни ду нуқтаро бо ҳам мепайвандад
    хатти рост خط راست
    исм
    хатте, ки кӯтоҳтарин фосилаи байни ду нуқтаро бо ҳам мепайвандад
    хат кашидан خط کشیدن
    феъл
    1. 1.
      ҷадвал кашидан, хатдор кардан
    2. 2.
      ботил кардан, нест кардан, хат задан, аз эътибор соқит шумурдан
  7. маҷ. тарз, роҳ, равиши пешгирифташуда дар коре
    хатти сайр خط سیر
    исм
    сайрхат
    хатти ҳаракат خط حرکت
    исм
    тарзи амал
    хатти барот خط برات
    исм
    раҳоинома
    хатти ботил خط باطل
    исм
    хатти бекор кардани чизе
    хатти зангорӣ خط زنگاری
    исм
    риши навбаромада
    хатти иброи зиммати касе خط ابراء ذمت کسی
    исм
    хаттест, ки барои озод шудан аз қарз ва уҳдадорӣ дода мешавад
    хатти имҳоқ خط امحاق
    исм
    хатти батлон, хатти ботилгардонӣ
    хатти лодаъво خط لادعوا
    исм
    хатте, ки ҳамаи даъвоҳоро ботил мекунад, бекор мекунад
    хатҳои мағшуш خط‌های مغشوش
    сифат
    хатҳои бадхон, норавшан
    хатти мунҳанӣ خط منحنی
    сифат
    хатти каҷ
    хатти насх خط نسخ
    исм
    1. 1.
      нигаред ба насх 1; нест кардан, лағв намудан; бекор кардан чизеро бо чизе ки беҳтар аз он боша
    2. 2.
      нигаред ба хатти бутлон 1; аломате, ки барои бутлони амре мебошад, хатте барои бутлони чизе рӯи он кашанд
    хатти равон خط روان
    исм
    1. 1.
      киноя аз нақшу нигори мавзун, нозук ва мутаҳаррик
    2. 2.
      мавҷи об
    хатти салибӣ خط صلبی
    исм
    хатти ҷилепоӣ, ки барои бекор кардани чизе кашида мешавад, хат кашидан барои бекор кардани ягон навишта
    хатти ҷом خط جام
    исм
     хатҳои ҳафтгона, ки гӯё дар ҷоми Ҷамшед будааст
    хатти соғар خط ساغر
    исм
    нигаред ба хатти ҷом 1;  хатҳои ҳафтгона, ки гӯё дар ҷоми Ҷамшед будааст
    хатти суле خط سلی
    исм
    яке аз тарзҳои ҳафтгонаи хатти арабӣ (маношир, муҳаққақ, насх, райҳон, риқоъ, суле, таълиқ)
    хатти тарсо خط ترسا
    исм
    аз чап ба рост навиштан, ки бар хилофи тарзи навиштани хатти арабист
    хатти теғ خط تیغ
    исм
    зарбаи теғ
    хатти фосил خط فاصل
    исм
    хатти байни ду мамлакат, сарҳадди ду вилоят ва ғ.
    хатти ғаромат خط غرامت
    исм
    номаи товонталабӣ
    хатти ҳисор خط حصار
    исм
    хатти доирашакл, ки ҷодугарон гӯё барои муҳофизат ба атрофи девори худ ва ё дигарон мекашанд
    хату савод خط و سواد
    исм
    хондану навиштан
    хат баровардан خط برآوردن
    феъл
    1. 1.
      бо ҳуҷҷат чизеро собит кардан
    2. 2.
      риш баровардан
    хат даркашидан خط درکشیدن
    феъл
     хат задан; аз эътибор соқит шуморидан
    хатти насх кашидан خط نسخ کشیدن
    киноя аз бекор кардан
    хат аз худ навиштан خط از خود نوشتن
    феъл
    дар ниҳояти сахтӣ ёрӣ талабидан
    хат ба сари касе додан خط به سر کسی دادن
    киноя аз даст мондан ба фармони қатли касе, тасдиқ кардан қатли касеро
    хат ба хун боздодан خط به خون بازدادن
    киноя аз ба қатл иҷозат додан, ба қатли касе фармон баровардан
    хат ба қабр кашидан خط به قبر کشیدن
    киноя аз баъд аз гӯр кардани касе бар рӯи қабри ӯ ҳафт хат кашида Қуръон хондан, ки ба ақидаи динӣ, гӯё сабаби омурзиши мурда мешудааст
    хат бар гардан кашидан خط بر گردن کشیدن
    киноя аз итоат кардан, бандаи касе будан
    хат дар хатти олам кашидан خط در خط عالم کشیدن
    киноя аз тарки дунёву мо фиҳо кардан, аз баҳри дунё гузаштан
    аз хат берун шудан از خط بیرون شدن
    1. 1.
      гумроҳ шудан
    2. 2.
      аз итоъат сарпечӣ кардан
    сар бар хатти фармон гузоштан سر بر خط فرمان گزاشتن
    киноя аз итоъат кардан, фармонбардорӣ кардан
хат خط II
исм
забоншиносӣ маҷмӯъае аз алоим ва қавоъиди низомманде, ки барои намоиши воҳидҳои забон дар сатҳи навиштор ба кор меравад; низоми нивишторӣ
хат خط III хатт
исм
ҳамлунақли рейлӣ масире, ки қатор аз ибтидо то интиҳо тай кунад
хат خط IV
исм
  1. мусиқӣ ҳар як аз қатаъоти савтии забтшуда дар як махзани захираи иттилоъот
  2. ҳар як аз нишонакҳои муҷаззои забтшудаи савтӣ ё мидӣ 

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии хат, маънии вожаи хат, маънии калимаи хат, маънии ибораи хат, маънои хат, маънои вожаи хат, маънои калимаи хат, маънои ибораи хат, таърифи хат, таърифи вожаи хат, таърифи калимаи хат, таърифи ибораи хат, значение хат, значение слова хат, значение фразы хат, значение выражения хат, определение хат, определение слова хат, определение фразы хат, определение выражения хат