хар خر I
исм
  1. чорпои боркаш, ҳимор
    • Мискин хар агарчи бетамиз аст,

      Чун бор ҳамекашад, азиз аст. 

      Саъдӣ
  2. он паҳлӯи камбари буҷул, ки нисбатан ҳамвор буда, дар буҷулбозӣ нисбат ба дигар паҳлӯи камбар ки асп ном дорад, бурди камтаре меорад
    • Он ки намешиносад ӯ чиккаю пуккаи буҷул,

      Аспу хари насибааш рост гирифта чоқро. 

      Савдо
    хар сохтан خر ساختن
    феъл
    касеро фиреб додан, аҳмақ кардан касеро
    уфтодани хари касе افتادن خر کسی
    киноя аз ҳодисаи бад рӯй додан ба касе
    фурӯ мондани хари касе فرو ماندن خر کسی
    киноя аз нарасидан ба мақсад
    хар рафту расан бурд خر رفت و رسن برد
    киноя аз кор аз даст рафтан, коре бар абас шудан
  3. дар қисми аввали калимаҳои мураккаб омада маънии калон, дағал, дурушт ва зиштро ифода мекунад, мас. харсанг – санги калон; хармуш – муши калон
сифат
маҷ. аҳмақ, аблаҳ
  • Одамӣ он аст ба назди харон,

    К-ӯст чу хар бар таҳи бори гарон.

    Хусрави Деҳлавӣ
хар خر II харр
исм
лой, гили часпанда; ботлоқзор
  • Дилаш нагирад з-ин кӯҳу дашту бешаву рӯд,

    Сараш напечад з-ин оби ганду лӯраву хар. 

    Унсурӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии хар, маънии вожаи хар, маънии калимаи хар, маънии ибораи хар, маънои хар, маънои вожаи хар, маънои калимаи хар, маънои ибораи хар, таърифи хар, таърифи вожаи хар, таърифи калимаи хар, таърифи ибораи хар, значение хар, значение слова хар, значение фразы хар, значение выражения хар, определение хар, определение слова хар, определение фразы хар, определение выражения хар