Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
фард فرد I
арабӣ
сифат
  1. якка, муҷаррад, бе ҳамроҳ, так, мунфарид
    • Ҳар ду гирёнему ҳар ду зарду дар сӯзу гудоз,

      Ҳар ду сӯзонесу ҳар ду фарду ҳар ду мумтаҳан.

      Манучеҳрӣ бештар
    • Ҳамчунин фард бош, Хоқонӣ,

      К-офтоб инчунин дилафрӯз аст.

      Хоқонӣ
    • Як шабе мегашт шаҳ Маҳмуд фард,

      Бо гурӯҳи дузди шабрав бозхард. 

      Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ
  2. ягона, ягонаи беҳмто, беназир
    • Гуфт бо донишваре он сода мард,

      К-эй ба дониш назди ҳар озода фард...

      Абдураҳмони Ҷомӣ бештар
    • Бас аст бо ту, агар ин қадар кунам ашъор,

      Ки эй ба дарки сухан фарду эй ба фаҳм фарид! 

      Шоҳин
  3. як кас, як шахс, як нафар
    • Инчунин эътироз кардаанд, ки ин таъриф бар ҳеч фарди муарриф содиқ намеояд. 

      Восифӣ
  4. ҷудо; дур аз касе, чизе
    • Гарчи ин муддат, ки будм мн зи дидори ту фард,

      Ҷуфт будам бо рубобу бо кабобу бо шароб.

      Муъиззӣ бештар
    • Сифатат аз сифоти имкон фард,

      Ҷиҳатат аз ҷиҳот берун кард. 

      Бедил
    фард уфтодан فرد افتادن
    феъл
    дур мондан ҷудо шудан, танҳо мондан
    фард мондан فرد ماندن
    феъл
    ҷудо ва дур шудан аз касе, чизе; танҳо мондан
    фард шудан فرد شدن
    феъл
    ҷудо ва дур шудан аз касе, чизе
    фард кардан فرد کردن
    феъл
    ҷудо ва дур кардан аз касе, чизе
    фард гаштан فرد گشتن
    феъл
    нигаред ба фард шудан 1; ҷудо ва дур шудан аз касе, чизе
фард فرد II
арабӣ
исм
адабиётшиносӣ як байти барҷаста, фардбайт, шоҳбайт, байти ягонаи мумтоз аз байтҳои дигари як ғазал ё навъи дигари шеърӣ, байти мазмунан томи мустақил
фард فرد III
исм
зистшиносӣ ҳар як аз мавҷудоти зиндаи ташкилдиҳандаи як ҷамъият
Фард فرد IV
исм
ахтаршиносӣ ситорае бо қадри 2/0, ки ғӯле аз радаи к3 ба фосилаи 177 соли нурӣ аз хуршед аст

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии фард, маънии вожаи фард, маънии калимаи фард, маънии ибораи фард, маънои фард, маънои вожаи фард, маънои калимаи фард, маънои ибораи фард, таърифи фард, таърифи вожаи фард, таърифи калимаи фард, таърифи ибораи фард, значение фард, значение слова фард, значение фразы фард, значение выражения фард, определение фард, определение слова фард, определение фразы фард, определение выражения фард