усул اصول
арабӣ
исм
  1. ҷамъи асл 2
    • Ва ҳар яке аз ин се илм муштамил бувад бар чанд ҷузв, ки бархе аз он ба масобаи усул бошад.

      Ахлоқи Носирӣ
  2. маҷ. таърих ва моҳияти пайдоиши беморӣ
    • Аз табиб ар ниҳон кунӣ ту усул,

      Беҳ нагардию мондӣ маъмул. 

      Саноӣ
  3. қоъидаҳои асосии ҳар илм, асосҳои илм, қисмҳои муҳимтарини илм
    • Гоҳ таълими усулу гоҳ талқини фурӯъ,

      Як ба як тамҳиди асбоби ҳидоят доштам. 

      Шоҳин
    усули ҳадис اصول حدیث
    исм
    илме, ки аз дуруст ё нодуруст будани ҳадис баҳс мекунад
    усули калом اصول کلام
    исм
    масъалаҳои илми калом, ки аз илоҳиёт баҳс мекунад
    усули шеър اصول شعر
    исм
    қоъидаҳои арӯз ва қофия дар назм
    усули фиқҳ اصول فقه
    исм
    илми қонуни шариъат
  4. динӣ номи илми дини ислом, ки дар он аз ҳар чор усули фиқҳ баҳс мешавад: якум – китоб (Қуръон), дуюм – суннат (ҳадис), сеюм – иҷмоъи уммат (иттифоқи саҳоба ё муҷтаҳидин), чорум – қиёс (ҳукм баровардан дар бораи ҳалолӣ ва ё ҳаромии кору амале аз ҷиҳати зарари сиҳҳӣ ва ё ахлоқӣ ба воситаи ташбеҳ кардани чизе ба чизе)
  5. роҳ, тариқ; тарз
    • Дар усули дилрабоӣ ҳаракоти аъзояш нағмахезтар аз риштаҳои соз (аст). 

      Бедил
  6. ҳаракати мавзуни хушоянда, рақс
    • Б ишқ агар бирасӣ, бе шароб маст шавӣ,

      Чунон ки бе дафу най худ ба худ усул кунӣ.

      бештар
    • Гоҳ худову расул, гоҳ нағмаю усул. 

      Зарбулмасал
  7. мусиқӣ оҳанги мусиқӣ, вазни мусиқӣ
    • Зи тоби силии ғам чун садои даф гоҳе,

      Бирун зи доира по мениҳад, вале ба усул.

      Ваҳид бештар
    • Боз булбул чанг зад дар пардаҳои танги гул,

      Дар «Усули фохта» булбул парешон гашт боз.

      Хусрави Деҳлавӣ
  8. мусиқӣ номи нағмаҳои ҳафтдаҳгонаи мусиқии классикӣ; мухтамас, туркзарб, дуяк, сақил, сақили калон, хафиф, чорзарб, дурафшон, миатайн, зарбулфатҳ, усули фохта, чанбар, нимсақил, азфар, арсад, рамал, ҳазаҷ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии усул, маънии вожаи усул, маънии калимаи усул, маънии ибораи усул, маънои усул, маънои вожаи усул, маънои калимаи усул, маънои ибораи усул, таърифи усул, таърифи вожаи усул, таърифи калимаи усул, таърифи ибораи усул, значение усул, значение слова усул, значение фразы усул, значение выражения усул, определение усул, определение слова усул, определение фразы усул, определение выражения усул