Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
тир تیر I
исм
  1. партобаи милаи нӯгтезе, ки аз камон ба сӯи ҳадаф партоб мешавад, абзори ҷанг, ки аз чӯб сохта, ба нӯгаш оҳан нишонда ба воситаи камон ба нишона партофта мешавад
    • Гарчи тир аз камон ҳамегузарад,

      Аз камондор бинад аҳли хирад.

      Саъдӣ бештар
    • Толиби ҳақро чу тире, к-аз камон берун ҷаҳад,

      Ҳеч гаҳ ором то манзил намебояд гирифт.

      Соиб
    тири ахтардӯз تیر اختردوز
    сифат
    тири дуррав
    тири ҳавоӣ تیر هوای
    исм
    тире, ки бидуни нишон гирифтан ба ҳаво парронда мешавад
  2. болор; сутун; сутуни киштӣ
    • Сари бодбон тир баргоштӣ,

      Хала пеши маллоҳ бигзоштӣ.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  3. маҷ. чизи рост, мустақим
    • Қувваи бисёри ту чун кам шавад,

      Гар ҳама тир аст қаддат, хам шавад.

      Абдураҳмони Ҷомӣ
    тир кушодан تیر کشادن
    феъл
    киноя аз тир андохтан, тир раҳо кардан
Тир تیر II
исм
  1. ахтаршиносӣ нигаред ба Аторуд 1; сайёраи , ки дар ҳайати қадим ба шакли котиб тасвир мешуд
    • Тир монандаи дабир омад,

      Муштарӣ хозину вазир омад.

      Саноӣ
  2. нигаред ба тирмоҳ 1; моҳи чоруми соли шамсӣ, ки ба 22 июн – 22 июл рост меояд
    • Зи фарвардин чу бигзаштӣ, маҳи урдибиҳишт ояд,

      Бимон хурдоду тир он гаҳ ба мурдодат ҳамеояд,

      Пас аз шаҳривару меҳру абону озару дай дон,

      Ки бар баҳман ҷуз исфандормуз моҳе наяфзояд.

      *
тир تیر III
исм
фасли сол, ки баъд аз тобистон меояд, тирамоҳ, фасли хазон
  • Агар ба тирамоҳ аз ҷома беҳ ёбад тир,

    Чаро бараҳна шавад бӯстон, чу омад?

    Унсурӣ бештар
  • Баҳору тамузу зимистону тир,

    Наёсуд ҳаргиз яли шергир.

    Абулқосим Фирдавсӣ
тир تیر IV
исм
ҳисса, баҳра, насиба, қисмат
  • Туро тир аз тири фирӯзӣ аст,

    Дар ин подшоҳӣ туро рӯзӣ аст.

    Абулқосим Фирдавсӣ бештар
  • Камонам аз ғами он тирвор қомати ту,

    В-аз ӯ маро ҳама дарду ғам аст қисмату тир.

    Масъуди Саъд
тир تیر V
сифат
шакли дигари тира I 1
тир تیر VI
исм
биёбон
тир تیر VII
исм
муҳандисии умрон узве аз соза, ки нақши аслии он таҳаммули хамиш аст

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии тир, маънии вожаи тир, маънии калимаи тир, маънии ибораи тир, маънои тир, маънои вожаи тир, маънои калимаи тир, маънои ибораи тир, таърифи тир, таърифи вожаи тир, таърифи калимаи тир, таърифи ибораи тир, значение тир, значение слова тир, значение фразы тир, значение выражения тир, определение тир, определение слова тир, определение фразы тир, определение выражения тир