сухан سخن
исм
  1. гап, калом, гуфтор
    • Кас накунад аз сухани нарм бим,

      В-аз сухани сахт битарсад салим. 

      Хусрави Деҳлавӣ бештар
    • Сухан дар ин ки ҳадди нафақоти аскария чист?

      Аҳмади Дониш
    сухани паҳлӯдор سخن پهلودار
    киноя аз ҳарфи гӯшадор ва нешдор; ҳарф кинояомез, ки таън ё душноме дар он бошад
    сухан гуфтан سخن گفتن
    феъл
    гап задан, ҳарф задан, такаллум кардан
  2. нақл, ривоят; саргузашт
    • Ва мутрибон онро суруд сохтаанд ва мегӯянд ва қавволон онро Гиристани муғон хонанд ва ин сухан зиёдат аз се ҳазор [сол] аст.

      Таърихи Наршахӣ бештар
    • Бар эшон ҳама достон баркушод,

      Гузашта суханҳо ҳама кард ёд. 

      Абулқосим Фирдавсӣ
    сухани охирин سخن آخرین
    сифат
    1. 1.
      сухани баъди ҳамаи гапҳо гуфтаи касе
    2. 2.
      сухани баъди музокира ва фикррониҳо эродкардаи соҳиби маърӯза
    суханҳои рангин سخن‌های رنگین
    киноя аз суханҳои латифу ширин, фасеҳу равон, салису балиғ
    сухани сахт سخن سخت
    киноя аз гапи тунду тез, гапи сахт таъсиркунанда
    сухани ширин سخن شیرین
    сифат
    ҳарфи дилчасп, лафзи гуворо, гапи нағзу форам
    сухан ангехтан سخن انگیختن
    феъл
    гап сар кардан; гап задан
    сухан гузордан سخن گزاردن
    феъл
    сухан гуфтан, сухан рондан
    сухан густардан سخن گستردن
    феъл
    бо шарҳу тафсил сухан гуфтан
    сухан парвардан سخن پروردن
    феъл
    донистани қадри сухан, сухандӯст ва сухандон будан
    сухан перостан سخن پیراستن
    феъл
    суханороӣ кардан, ширинсуханӣ намудан
    сухан рафтан سخن رفتن
    феъл
    зикр ёфтани чизе, гап кушода шудан дар бораи чизе
    сухан сароидан سخن سرائیدن
    феъл
    1. 1.
      сухани зебо гуфтан
    2. 2.
      шеър гуфтан
    сухан қатъ намудан سخن قطع نمودن
    феъл
    1. 1.
      гуфтугузор ба поён расонидан
    2. 2.
      сухани касе буридан
    сухани касеро шикастан سخن کسی را شکستن
    киноя аз гапи касеро рад кардан, гуфтаи касеро қабул накардан
    аз ҳар даре сухан пайвастан از هر دری سخن پیوستن
    аз ҳар хусус гап задан
    ба як сухан будан به یک سخن بودن
    феъл
    ба қавли худ сахт истодан, аз қавл нагаштан
    сухан рондан سخن راندن
    феъл
    гуфтан, муфассал сухан гуфтан, нутқ кардан

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии сухан, маънии вожаи сухан, маънии калимаи сухан, маънии ибораи сухан, маънои сухан, маънои вожаи сухан, маънои калимаи сухан, маънои ибораи сухан, таърифи сухан, таърифи вожаи сухан, таърифи калимаи сухан, таърифи ибораи сухан, значение сухан, значение слова сухан, значение фразы сухан, значение выражения сухан, определение сухан, определение слова сухан, определение фразы сухан, определение выражения сухан