сурх سرخ
сифат
  1. гулгун, қирмизранг, ба ранги хун
    • Сиришки сурхи ман абри баҳорро монад,

      В-аз он сиришк рухам лолазорро монад. 

      Шоҳин бештар
    • Зи рашки ранги сурхам лаъл дар кон ранг гардонад,

      Ба чашми қаҳработабъон ақиқи зардро монам. 

      Саййидо
    марди сурх مرد سرخ
    сифат
    марде, ки рӯю мӯяш сурхранг аст
    сурх кардан سرخ کردن I
    феъл
    1. 1.
      ба ранги сурх даровардан, ранги сурх (сурхӣ) молидан (мас., занҳо лаби худро)
    2. 2.
      маҷ. касеро ба хиҷолат монондан
    сурх шудан سرخ شدن
    феъл
    1. 1.
      ба ранги сурх даромадан
    2. 2.
      дар оташи тафсон пухта кабоб шудан (мас., гӯшт)
    3. 3.
      маҷ. шарм доштан, хиҷолат кашидан
    сурх шудани чашм سرخ شدن چشم
    исм
    сурхӣ дамидан ба сафедаи чашм аз бедорхобӣ ё беморӣ
    сафед шудан سفید شدن
    феъл
    ба изтироб афтодан, аз ҳаяҷон тағир ёфтани ранги рӯй
    забони сурх زبان سرخ
    сифат
    гапи бемулоҳиза ва бемаврид гӯянда (сифати забони бад)
    бо рӯи сурх با روی سرخ
    зарф
    бе хиҷолатмандӣ ва бе кӯтаҳзабонӣ, сарбаландона
  2. қадимӣ мансуб ба инқилоби октябр ва ба сохти шуравӣ
    тӯйи сурх توی سرخ
    исм
    ҷашни арӯсие, ки на бо урфу одати суннатӣ, балки бо тартиботи нави шӯравӣ гузаронида мешуд
    калтакдорони сурх کلتک‌داران سرخ
    исм
    номи дастаҳои фидоӣ дар Тоҷикистон, ки ба муқобили аксулинқилобиён меҷангиданд 
    корвони сурх کاروان سرخ
    исм
    қатори воситаҳои нақлиёт, ки молҳои зарури аҳолиро меоварданд ё ҳосили навро ба марказҳои кабул мебурданд

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии сурх, маънии вожаи сурх, маънии калимаи сурх, маънии ибораи сурх, маънои сурх, маънои вожаи сурх, маънои калимаи сурх, маънои ибораи сурх, таърифи сурх, таърифи вожаи сурх, таърифи калимаи сурх, таърифи ибораи сурх, значение сурх, значение слова сурх, значение фразы сурх, значение выражения сурх, определение сурх, определение слова сурх, определение фразы сурх, определение выражения сурх