сер سیر I
сифат
  1. муқобили гурусна 1; мустағнӣ аз хӯрок, касе, ки нав хӯрок хӯрдааст ва дигар майли хӯрдан надорад
    • Эй сер, туро нони ҷавин хуш нан(а)мояд,

      Маъшуқи ман аст он ки ба наздики ту зишт аст. 

      Саъдӣ бештар
    • Ишками сер чи парвои ишками гурусна дорад.

      Зарбулмасал
  2. бисёр, фаровон; кофӣ, ба дараҷаи қаноъатбахш
    сер дидан سیر دیدن
    феъл
    бисёр дидан, ба дараҷаи қаноъатбахш дидан
    сер кардан سیر کردن
    феъл
    қонеъ гардонидан; қаноъатманд намудан
    сер омадан аз чизе سیر آمدن از چیزی
    феъл
    безор шудан, ба танг омадан, дилгир шудан
    сер шудан аз касе|чизе سیر شدن از کسی|چیزی
    феъл
    1. 1.
      қаноъат ҳосил кардан аз бисёр дидани касе ё фаровонии чизе
    2. 2.
      безор шудан, ба танг омадан аз чизе
    сер шудан аз ҷон سیر شدن از جان
    аз ҷон безор шудан, ба мурдан розӣ шудан
    аз хоб сер шудан از خواب سیر شدن
    мувофиқи табъ, чунон ки бояд, хоб карда хестан, аз хоб қонеъ шудан
  3. маҷ. пур, саршор
  4. ҷузъи пешини баъзе калимаҳои мураккаб ба маънои зиёд ва фаровон будани чизе: серкор, серталаб, серғайрат, серташвиш, сероб ва ғ.
сер سیر II
исм
миқёси паймоиш, ки дар ҷойҳои гуногун вазнаш мухталиф буда ва дар Бухорои асрҳои охир панҷяки пудро ташкил мекард
  • Хез, аз майи қадим маро сер кун ба ратл,

    Бигзар аз ин ҳадис, ки як серу як ман аст. 

    Анварӣ бештар
  • Табақи қашқарӣ ... ним сер оши палав ба замми чалаву гӯштҳои кӯфта ... дошт. 

    Садри Зиё

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии сер, маънии вожаи сер, маънии калимаи сер, маънии ибораи сер, маънои сер, маънои вожаи сер, маънои калимаи сер, маънои ибораи сер, таърифи сер, таърифи вожаи сер, таърифи калимаи сер, таърифи ибораи сер, значение сер, значение слова сер, значение фразы сер, значение выражения сер, определение сер, определение слова сер, определение фразы сер, определение выражения сер