сахт سخت
сифат
  1. муқобили суст 1; маҳкам, устувор, шах
    • Осмон дуру замин сахт аст, сахт,

      Гар тараҳҳум мекунӣ, вақт аст, вақт.

      * бештар
    • Ниҳоди сахти ту сӯҳон ба худ намегирад,

      Вагарна пасту баланди замона яксон аст. 

      Соиб
  2. маҷ. сангдил, бераҳм, золим
    • Абӯбакр беҳтарини мардум буд, аммо сахттарини мардум бар мардумон амир кард. 

      Маҷмаъу-л-ансоб
  3. душвор, мушкил
    • Ҳар кор, ки сахттар будӣ, ӯро бифиристодӣ.

      Маҷмаъу-л-ансоб бештар
    • Зулм аз ин коргаҳ бибандад рахт,

      Кор бар аҳли зулм гардад сахт. 

      Абдураҳмони Ҷомӣ
  4. шадид, бошиддат
    • Амру-л-Лайс берун омад ва ҳарб дарпайваст ва ҳарби сахт шуд ва лашкари вай ба ҳазимат шуданд.

      Таърихи Наршахӣ бештар
    • Абулфайзхоҷа ... ба паҳлӯи муфтӣ Саид Қамар муште сахт зад.

      Садри Зиё
  5. устувор, бобунёд, побарҷой, мустаҳкам
    • Раийят чу беханду султон дарахт,

      Дарахт, эй писар, бошад аз бех сахт. 

      Саъдӣ бештар
    • Шуд кушода дар миён банде ки буд,

      Сахттар шуд майли пайванде, ки буд. 

      Абдураҳмони Ҷомӣ
  6. маҷ. дурушт, дағал; бо дуруштӣ, дағалона; тунд, тез
    • Дилозурдаро сахт бошад сахун,

      Чу хасмат бияфтод, сустӣ макун! 

      Саъдӣ
  7. хеле, бисёр
    • Аз ин таом, ки сохта буданд, бисозанд, ки сахт лазиз бувад. 

      Авфӣ бештар
    • Ҳама бисёр хубу сахт фарбеҳ,

      Ба хубию хушӣ аз якдигар беҳ. 

      Абдураҳмони Ҷомӣ
    • Фарангӣ аз ин сухан сахт ҳайрон шуд. 

      Аҳмади Дониш
  8. маҷ. хасис, лаим, мумсик
  9. вазнин
    хоби сахт خواب سخت
    сифат
    хоби вазнин; хобе, ки кас аз он бедор нашавад
    сахт кардан سخت کردن
    феъл
    1. 1.
      фушурдан, ҷафидан; ба тазъиқ дар ҷое мондан
    2. 2.
      бастан, маҳкам кардан (дарро)
    фона сахт кардан бар дари касе فانه سخت کردن بر در کسی
    киноя аз касеро ба иҷрои коре танг кардан, аз касе иҷрои кореро ба исрор талаб намудан
    сахт омадан سخت آمدن
    феъл
    гарон омадан, таъсир кардан
    рӯзи сахт روز سخت
    исм
    тангӣ, душворӣ, бадии рӯзгор
    сахт будан سخت بودن
    феъл
    1. 1.
      хасис будан, мумсик будан
    2. 2.
      устувор будан, побарҷо будан

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии сахт, маънии вожаи сахт, маънии калимаи сахт, маънии ибораи сахт, маънои сахт, маънои вожаи сахт, маънои калимаи сахт, маънои ибораи сахт, таърифи сахт, таърифи вожаи сахт, таърифи калимаи сахт, таърифи ибораи сахт, значение сахт, значение слова сахт, значение фразы сахт, значение выражения сахт, определение сахт, определение слова сахт, определение фразы сахт, определение выражения сахт