роҳ راه I
исм
  1. ҷое, ки мардум аз он рафтуой мекунанд, гузаргоҳ, ҷодда; кӯча
    • Дар роҳи Нишобур деҳе дидам бас хуб,

      Ангашбаи ӯро на адад буду на марра. 

      Рӯдакӣ бештар
    • Тарсам, нарасӣ ба Каъба, эй аъробӣ,

      Ин раҳ ки ту меравӣ, ба Туркистон аст. 

      Саъдӣ
    роҳ сар кардан راه سر کردن
    феъл
    роҳ пеш гирифтан, ба роҳе равона шудан
  2. масофа, масофаи байни ду нуқта
    • Тайи макон бибину замон дар сулуки шеър,

      К-ин тифли якшаба раҳи садсола меравад. 

      Ҳофиз
  3. восита, васила, чора, тадбир
    • Гӯш роҳи ман аст бар ҳама тан

      Аз пайи он ҳадиси чун шакарат. 

      Анварӣ
    роҳи наҷот راه نجات
    исм
    воситаи халосӣ, чораи халос шудан
    аз роҳи از راه
    пайвандак
    барои … , ба мақсади … , бо орзуи … 
    аз ин раҳ از این ره
    зарф
    ба ин восита, аз ин сабаб
    роҳ ёфтан راه یافتن
    киноя аз чора ҷустан; имконияти расидан ба муддаоро пайдо кардан
  4. маслак, тариқ
    • Ҳар ду ба роҳи рост буданд. 

      Маҷмаъу-л-ансоб
  5. тарз, расм, қоъида, қонун
    • Сеяк буд ё чоряк баҳри шоҳ

      Қубод омаду даҳяк овард роҳ. 

      Абулқосим Фирдавсӣ
  6. бор, маротиба, карат
    • Чунин гуфт як раҳ ба соҳибдиле,

      Ки умрам ба сар шуд ба беҳосилӣ. 

      Саъдӣ бештар
    • Аз ҷисми ман чу симоб ором рафта берун,

      Як раҳ намебароям аз изтироб берун. 

      Саййидо
    аз роҳ бардоштан ار راه برداشتن
    киноя аз роҳро тоза кардан, монеъаро бартараф намудан
    аз роҳ бозмондан از راه بازماندن
    киноя аз истодан, таваққуф кардан
    аз роҳ бурдан از راه بردن
    киноя аз роҳ задан, аз роҳ баровардан, ба роҳи бад бурдан
    аз роҳи ҳила даромадан از راه مکرو حیله درامدن
    киноя аз макру ҳила сар кардан
    роҳи бурида راه بریده
    киноя аз роҳе, ки роҳзанон аз он ҷо роҳгузаронро ғорат кардаанд ва аз ин сабаб рафтуомад бурида шудааст
    роҳи гарон راه گران
    роҳи мушкилгузар
    роҳи Каҳкашон راه کهکشان
    исм
    нигаред ба каҳкашон 1; маҷмӯаи азиме аз ҳазорон ҳазор ситора ва ғубору гоз, ки ба даври маркази муштараке мечарханд; Осмонадра; Коҳанагон; Роҳи коҳкашон; Роҳи ҳоҷиён; Роҳи ширӣ
    роҳи каҷ ва бутлон راه کج و بطلان
    роҳи норост, роҳи ботил ва беҳуда
    роҳи кӯр راه کور
    киноя аз роҳе, ки аз он рафту омад кам аст, кӯчаи сарбаста
    роҳи маҷҳул راه مجهول
    роҳи номаълум
    роҳи хуфта راه خفته
    роҳи ниҳоят дуру дароз; роҳи ҳамвор
    роҳи шикӯх راه شکوه
    роҳи чапғалат, роҳи каҷу килеби ноҳамвори мушкилгузар
    роҳи хобида راه خوابیده
    роҳи калон, роҳи дуру дароз
    роҳ гирифтан راه گرفتن
    феъл
    ба роҳ даромадан, роҳ пеш гирифтан; азму ирода кардан
    роҳ баргирифтан راه برگرفتن
    феъл
    нигаред ба роҳ гирифтан 1; ба роҳ даромадан, роҳ пеш гирифтан; азму ирода кардан
    роҳ баркушодан راه برکشادن
    феъл
    барои пешрафти лашкар роҳ тоза кардани пешоҳанг
    роҳ гирифтан бар касе راه گرفتن بر کسی
    роҳ бастан, пеши роҳи касеро гирифтан, монеъ шудан
    роҳ доштан راه داشتن
    феъл
    1. 1.
      киноя аз интизор кашидан; муҳофизат кардани роҳ
    2. 2.
      киноя аз иҷозати вуруд доштан, барои даромадан рухсат доштан
    роҳ донистан راه دانستن
    феъл
    фарқ кардани роҳи рост аз роҳи каҷ ва ғалат
    роҳ задан راه زدن II
    киноя аз молу чизҳои роҳгуҳаронро бо ғорат бурдан
    роҳ кардан راه کردن
    феъл
    киноя аз ба роҳ баромадан, сафар кардан
    роҳи нафас гирифтан راه نفس گرفتن
    феъл
    1. 1.
      киноя аз мурдан
    2. 2.
      қатъ шудани нафас 
    роҳи чизе гирифтан راه چیزی گرفتن
    роҳ рафтан ба тарафи чизе, ҷое рафтан, ба тарафи чизе, ҷое равона шудан, роҳӣ шудан
    роҳи қаҳр пӯидан راه قهر پویدن
    қаҳру ғазаб омадан, хашмгин шудан
    роҳи касеро гирифтан راه کسیرا گرفتن
    феъл
    1. 1.
      таъқиб кардан
    2. 2.
      роҳи касеро банд кардан, ба рафтани касе монеъ шудан 
    роҳ ба деҳ бурдан راه به ده بردن
    киноя аз маъқул ва мувофиқ будани чизе
    роҳ ба ҷое бурдан راه به جای بردن
    киноя аз комёб шудан, ба мақсад расида тавонистан
    роҳ сипардан راه سپردن
    феъл
    роҳ паймудан, роҳ рфтан, роҳ тай кардан
    роҳ сиёҳ кардан راه سیاه کردن
    бар касе киноя аз роҳро беному нишон кардан, роҳ гум кунонидан
    роҳ пӯидан راه پویدن
    феъл
    роҳ рафтан
    роҳи адам гирифтан راه عدم گرفتن роҳи ъадам гирифтан
    киноя аз мурдан, фавтидан
    роҳ пеш гирифтан راه پیش گرفتن
    киноя аз ба роҳ даромадан, равона шудан
    роҳ пеш гузоштан راه پیش گزاشتن
    киноя аз раҳнамоӣ кардан, ёрӣ расондан
    роҳ наваштан راه نوشتن
    киноя аз роҳ паймудан; раҳ сипардан, раҳ тай кардан
    роҳ намудан راه نمودن
    феъл
    роҳ нишон додан, роҳнамуӣ кардан
    роҳ бастан راه بستن
    феъл
    банд кардани пеши чизе, монеъ шудан ба чизе
    ба роҳ кардан به راه کردن
    ба ҷое фиристодан, гусел кардан
роҳ راه II
исм
мақом, нағма, оҳанг, наво
  • Навҳасози ҷудоии ҷонкоҳ,

    Мекушояд раҳе ба арсаи роҳ. 

    Бедил
роҳ راح III
арабӣ
исм
  1. шодӣ, хурсандӣ, шодмонӣ
    • Ҳар ки ӯ оқил бувад, ӯ ҷони мост,

      Роҳи ӯву равҳи ӯ райҳони мост. 

      Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ
  2. шароб, май
    • … Ба нӯш кардани ақдоҳи роҳ машғул шуд. 

      Авфӣ бештар
    • Зи соқиёни парирух бихоҳ вақти сабӯҳ,

      Ҳаёти ҷон зи лаби ҷону қути рӯҳ аз роҳ. 

      Камоли Хуҷандӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии роҳ, маънии вожаи роҳ, маънии калимаи роҳ, маънии ибораи роҳ, маънои роҳ, маънои вожаи роҳ, маънои калимаи роҳ, маънои ибораи роҳ, таърифи роҳ, таърифи вожаи роҳ, таърифи калимаи роҳ, таърифи ибораи роҳ, значение роҳ, значение слова роҳ, значение фразы роҳ, значение выражения роҳ, определение роҳ, определение слова роҳ, определение фразы роҳ, определение выражения роҳ