То дар тани туст устухону рагу пай,
Аз хонаи тақдир манеҳ берун пай.
Гардан манеҳ, ар хасм бувад Рустами Зол,
Миннат макаш, ар дӯст бувад Ҳотами Тай.
Лаззати ишқ фурӯ рафт маро дар рагу пай,
Ишқ мегӯяму ҷон медиҳам аз лаззати вай.