Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
равшан روشن I
сифат
  1. муқобили торик I 1; нуронӣ, дурахшон, тобон
    • Дониш андар дил чароғи равшан аст,

      В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

      Рӯдакӣ
  2. ошкор, возеҳ, сареҳ, маълум
    • Хоҳӣ, ки равшанат шавад аҳволи сирри ишқ,

      Аз шамъ пурс қисса, зи боди сабо мапурс!

      Ҳофиз
    равшан кардан روشن کردن
    феъл
    1. 1.
      афрӯхтан, тобон кардан
    2. 2.
      ошкор кардан, сареҳ кардан, возеҳ кардан
    равшан шудан روشن شدن
    феъл
    возеҳ шудан, ошкор шудан
  3. маҷ. холӣ аз ғубори тирагӣ ва андӯҳ, беғам, бепарво; пок, тоза
    • Дилат равшану вақт маҷмӯъ бод,

      Қадам собиту поя марфӯъ бод!

      Саъдӣ
  4. соф, бедурд, мураввақ; шаффоф, беғубор
    • Набиди равшану дидори хубу рӯи латиф,

      Агар гарон буд, зи ман ҳамеша арзон буд.

      Рӯдакӣ бештар
    • Гузаштаему гузаштему омадему шудем,

      Ту шод зию бикун нӯш бодаи равшан.

      Амъақ
    чашм равшан шудан چشم روشن شدن
    1. 1.
      киноя аз хурсанд шудан, хушҳол шудан
    2. 2.
      ибораи табрикӣ буда, ба муносибати ягон ҳодисаи хурсандиовар, мас. аз сафар баргаштани одами наздики касе ё таваллуди фарзанд гуфта мешавад
равшан روشن II рӯшан
сифат
физик вежагии сатҳе, ки ба назар мерасад миқдори зиёде нур гусел мекунад

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии равшан, маънии вожаи равшан, маънии калимаи равшан, маънии ибораи равшан, маънои равшан, маънои вожаи равшан, маънои калимаи равшан, маънои ибораи равшан, таърифи равшан, таърифи вожаи равшан, таърифи калимаи равшан, таърифи ибораи равшан, значение равшан, значение слова равшан, значение фразы равшан, значение выражения равшан, определение равшан, определение слова равшан, определение фразы равшан, определение выражения равшан