Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
пора پاره IV
исм
улуми муҳандисӣ бахше аз як сомона, ки худ ба танҳоӣ ба кор наравад ва қобили таҷзия ва тақсим ба аҷзои дигар набошад; қитъа
пора پاره I
исм
  1. қитъа, парча, тикка, бурда; луқма
    • Далерон натарсанд аз овози кӯст,

      Ки ду пора чӯб асту як пора пӯст.

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Шайх молид дасту пеш нишаст,

      Бурд аввал ба нону ҳалво даст;

      Порае хӯрду порае бигзошт,

      Порае бахши ғоибон бардошт.

      Абдураҳмони Ҷомӣ
  2. дона, адад; порае андаке, каме, камтар, қисман
    • Як пои ӯ порае ланг буд.

      Маҷмаъу-л-ансоб
  3. нумератив ҳамчун то, адад, дона, мас. ʹдаҳ пора–даҳто, даҳ донаʹ; ʹчанд пора–чандто, якчандто, чанд ададʹ
    • [Амири Хуросон] даҳ пора ёқути сурх ва даҳ тахт ҷомаи бешбаҳо ва даҳ ғулому даҳ канизак ... назди вай фиристод.

      Таърихи Систон бештар
    • [Ҳалокухон] чанд пора қалъаи дигар ба вай бахшид.

      Ҷомеъу-т-таворих
    • [Ғоззон] бар обе, ки онро Коли Тажан мегӯянд, банде фармуд бастан ва чанд пора деҳро ободон кард.

      Ҷомеъу-т-таворих
  4. гурзи оҳанин
    • Бареро кӯфта пора, дилеро дӯхта зӯбин,

      Сареро хору хас болин, танеро хоку хун бистар.

      Масъуди Саъд
  5. навъе аз ҳалво, шакарпора
    • Панде бамаза чу қанд бишнав,

      Беайб чу пораи Самарқанд.

      Носири Хусрав
сифат
дарида, чокшуда, кандашуда, гусаста
  • Мегуфт, ки танг буд дар бар,

    Пироҳани танг пора беҳтар.

    Ҳилолӣ бештар
  • Дар дили гул гар надорад нолаи булбул асар,

    Дар чаман ин сурхии рухсору ҷайби пора чист.

    Махфӣ
пора پاره II
исм
паридан, париш, парвоз
  • Гар бипаррад ба пар, ҳумой бувад,

    Пораи ӯ ба дасту пой бувад.

    Саноӣ
пора پاره III
исм
ришва, чизе, ки ба касе барои иҷрои кори ноҳақ ва ғайриқонунӣ дода мешавад
  • Ҳар он ҷо, ки пора шуд аз дар дарун,

    Шавад устуворӣ зи равзан бирун.

    Унсурӣ бештар
  • Мо подшоҳи пораву ришват набудаем,

    Бал порадӯзи хирқаи дилҳои пораем.

    Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии пора, маънии вожаи пора, маънии калимаи пора, маънии ибораи пора, маънои пора, маънои вожаи пора, маънои калимаи пора, маънои ибораи пора, таърифи пора, таърифи вожаи пора, таърифи калимаи пора, таърифи ибораи пора, значение пора, значение слова пора, значение фразы пора, значение выражения пора, определение пора, определение слова пора, определение фразы пора, определение выражения пора