полудан پالودن
феъл
  1. соф кардан, тоза намудан, пок гардонидан
    • Раҳи доварӣ пок бинмудашон,

      Зи олудагиҳо биполудашон.

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Бибояд шуст ҷонатро ба илму тоъат аз исён,

      Чунон к-об аз намат ҷонро зи шубҳатҳо биполояд.

      Носири Хусрав
  2. гудохтан, об карда тоза намудани зару нуқра ва ғ.
    • Сухан чун зарри пухта бехабосат гардаду софӣ,

      Чу ӯро хотири доно ба андеша биполояд.

      Носири Хусрав
  3. рехтан, резондан; равон кардан
    • Хунҳо аз ду дида полудам,

      Рахна-рахна шуд аз ғамат ҷигарам.

      Анварӣ
  4. заҳидан, заҳида баромадан, таровиш кардан, таровидан; рехтан, ҷорӣ гардидан
    • Феъли олуда гавҳар олояд,

      Аз хуми сирка сирка полояд.

      Унсурӣ бештар
    • Аз гилу об ҷома битвон шуст,

      Ки шавад поктар зи бори нахуст.

      Лек чун дил ба ғафлат олояд,

      Хунат аз дидагон биполояд.

      Абдураҳмони Ҷомӣ
  5. тар кардан, намнок гардонидан
    • Бад-ин бартарин номи яздоншро,

      Бихонду биполуд мижгоншро.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  6. берун шудан, дур шудан
    • Хирадманд биншаст бо ройзан,

      Биполуд аз айвон шаҳи анҷуман.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  7. тамом шудан, ба охир расидан; зоеъ гардидан
    • Чу барзад сар аз бурҷи Шер офтоб,

      Биболид рӯзу биполуд хоб.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  8. табоҳ кардан, зоеъ гардонидан, ҳадар кардан; аз байн бурдан
    • Дар сафар хоҷагӣ никӯ н-ояд,

      Ки сафар хоҷагӣ биполояд.

      Саноӣ
  9. оғушта кардан, сириштан, хамира кардан
    • Ду чашми ман рухи ман зард дид навонист,

      Аз он ба хуни дил онро ҳамебиполояд.

      Масъуди Саъд

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии полудан, маънии вожаи полудан, маънии калимаи полудан, маънии ибораи полудан, маънои полудан, маънои вожаи полудан, маънои калимаи полудан, маънои ибораи полудан, таърифи полудан, таърифи вожаи полудан, таърифи калимаи полудан, таърифи ибораи полудан, значение полудан, значение слова полудан, значение фразы полудан, значение выражения полудан, определение полудан, определение слова полудан, определение фразы полудан, определение выражения полудан