Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
пок پاک I
сифат
  1. соф, тоза, покиза
  2. маҷ. беайб
    • Ин ҷаҳон поку хубкирдор аст,

      Он шиносад, ки дилш бедор аст. 

      Рӯдакӣ бештар
    • Қалам – наққоши чини маънии пок,

      Чунин зад ранги нақш аз лавҳи идрок.

      Мулҳам
    зарри пок زر پاک
    сифат
    зари холис; зари беғаш
    зубдаи пок زبده پاک
    зоти баргузидаи соф ва холис
    пок кардан پاک کردن II
    феъл
    тоза кардан, шустан
    пок шустан پاک شستن
    феъл
    тамоман шустан, ба куллӣ тоза кардан
  3. тамоман, ба там‏омӣ, ҳамагӣ, сар то по, сар то сар, ба куллӣ
    • Он гурунҷу он шакар бардошт пок,

      В-андар он дастори он зан баст хок.

      Рӯдакӣ бештар
    • Аз ин нохуш наво Яъқуби ғамнок,

      Кашид оҳеву рафт аз хештан пок.

      Нозим
    пок бурдан پاک بودن
    феъл
    тамоман ба ғорат бурдан, ҳеч чизро намонда тороҷ кардан
    пок хӯрдан پاک خوردن
    феъл
    тамоман хӯрдан, ҳеч чиз намонда хӯрдан
  4. холӣ, тиҳӣ; маҳрум
    • Одамӣ аз айбу ҳунар пок нест,

      Оби равон бехасу хошок нест.

      Шодӣ бештар
    • Ишқи ту агар зи шубҳа пок аст,

      Туҳмат, ки дар ӯст, шубҳанок аст.

      Шоҳин
    пок шудан پاک شدن
    феъл
    1. 1.
      холис гаштан, беғаш шудан
    2. 2.
      нест шудан, маъдум гаштан, тамом шудан
  5. дуруст
    • Онро, ки ҳисоб пок аст, аз муҳосаба чи бок.

      Саъдӣ
  6. ҳалол, тоҳир
    • Ӯ фиганд моли касон дар мағок,

      Шон ҳама гӯянд ҳалол асту пок...

      Хусрави Деҳлавӣ
  7. порсо, тақводор, покдоман; беғараз, бекина, бе макру ҳила
    • Чунин гуфт бо номвар бихрадон,

      Ки эй поку ҳушёрдил мӯбадон!

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Ба поконе, к-аз эшон зодаам ман,

      Бад-ин покизагӣ уфтодаам ман.

      Абдураҳмони Ҷомӣ
    назари пок نظر پاک
    сифат
    нигоҳи беғаразона, нигоҳи софдилона
    дили пок دل پاک
    сифат
    дили соф, дили бекина
  8. зани покдоман, афифа, зани боиффат
    • Падарш он гаронмоятар паҳлавон,

      Чи гӯяд бад-он духти поки ҷавон?

      Абулқосим Фирдавсӣ
    поку палид پاک و پلید
    исм
    неку бад, ҳалолу ҳаром
    пок бардоштан پاک برداشتن
    феъл
    чизеро то охир гирифтан, тамоман гирифтан; тамоман хӯрдан чизеро
    пок гузаштан پاک گزشتن
    феъл
    киноя аз бегуноҳ рафтан, гуноҳе накарда мурдан
    пок омадан پاک آمدن
    феъл
    киноя аз бегуноҳ таваллуд шудан
    пок рафтан پاک رفتن
    феъл
    киноя аз бегуноҳ гузаштан, бегуноҳ мурдан
пок پاک II
сифат
эътиёд вижагии фарде, ки бо риъояти усули худёбӣ аз масрафи мавод ва алкул парҳез мекунад

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии пок, маънии вожаи пок, маънии калимаи пок, маънии ибораи пок, маънои пок, маънои вожаи пок, маънои калимаи пок, маънои ибораи пок, таърифи пок, таърифи вожаи пок, таърифи калимаи пок, таърифи ибораи пок, значение пок, значение слова пок, значение фразы пок, значение выражения пок, определение пок, определение слова пок, определение фразы пок, определение выражения пок