пир پیر
исм
дар тасаввуф – муршид ва роҳнамои тариқат
  • Гар зи пеши худ биронӣ чун саг аз масҷид маро,

    Сар зи ҳукмат барнадорам чун мурид аз гуфти пир.

    Саъдӣ бештар
  • Гар аз инам нашуд иршод, аз он хоҳам ёфт,

    Ман, ки дар роҳи иродат, ҳама кас пири ман аст.

    Шоҳин
Пири Маънавӣ پیر معنوی
исм
лақаби Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
пири тариқат پیر طریقت
исм
пири роҳ, муршид, сардори сӯфиён ва дарвешон
Пири Ҳирот پیر هرات
исм
лақаби Хоҷа Абдуллоҳи Ансории Ҳиравӣ, яке аз бузургтарин сӯфиён ва назарияпардозони тасаввуф
пири роҳ پیر راه
исм
пири тариқат, муршиди роҳи тасаввуф
Пири Ҷом پیر جام
исм
лақаби Абдураҳмони Ҷомӣ (солҳои 1414–1492)
сифат
  1. солхӯрда, куҳансол, умрдида; муқобили ҷавон
    • Тавоно бувад ҳар ки доно бувад,

      Зи дониш дили пир барно бувад.

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Танатро чу кардам тавоно ба шир,

      Ҷавонӣ макун бар парастори пир.

      Шоҳин
    пири майкада پیر میکده
    исм
    пири майфурӯш
    пиру ҷавон پیر و جوان
    исм
    куҳансолу барно, калону хурд; маҷ. ҳама
    пири шикастапушт پیر شکسته‌پوشت
    сифат
    пири хамида
    пир то ҷавон پیر تا جوان
    исм
    нигаред ба пиру ҷавон 1; куҳансолу барно, калону хурд; маҷ. ҳама
    пир шудан پیر شدن
    феъл
    солхӯрда гаштан, калонсол шудан, мӯйсафед шудан
    пир гаштан پیر گشتن
    феъл
    нигаред ба пир шудан 1; солхӯрда гаштан, калонсол шудан, мӯйсафед шудан
    пири харобот پیر خرابات
    исм
    пири майкада, майфурӯш
    пири муаммар پیر معمر
    сифат
    пири умрдида, пири куҳансол
  2. маҷ. доно, ориф
    • ...Ки пире буд равшантабъу хушгӯ,

      Равон шеъраш чу оби соф дар ҷӯ.

      Мулҳам
    Пири Канъон پیر کنعان
    киноя аз падари Юсуф (а), ки Яъқуб (а) ном дошт
    пири муғон پیر مغان
    исм
    1. 1.
      соҳиби майхона, майфурӯш
    2. 2.
      калонтарини муғон, пешвои дини зардуштӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии пир, маънии вожаи пир, маънии калимаи пир, маънии ибораи пир, маънои пир, маънои вожаи пир, маънои калимаи пир, маънои ибораи пир, таърифи пир, таърифи вожаи пир, таърифи калимаи пир, таърифи ибораи пир, значение пир, значение слова пир, значение фразы пир, значение выражения пир, определение пир, определение слова пир, определение фразы пир, определение выражения пир