Дар наъли саманди ӯ шакли маҳи нав пайдо,
В-аз қадди баланди ӯ болои санавбар паст.
Ки ту чун равонӣ, чунин паст маншин,
Ки бо ту намонад басе ин равонӣ.
Захмаи рудзан на пасту на тез,
Зули соқӣ на кӯтоҳу на дароз.
Гуроза чу аз бод бикшод даст,
Ба зин баршуд он турки бедор паст.
Ҳамон ҷоми заррин гирифта ба даст,
Ҳама дил зи бими шаҳаншоҳ паст.
Биёбад бар он пири Ковус даст,
Шавад кому ороми мо ҷумла паст.
Шоҳ агар ҷойро писанд кунад,
Бандаи пастро баланд кунад.
Кунун бандаи носазовори паст,
Биёмад, ба тахти каён барнишаст.