Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
парда پرده II
исм
  1. мусиқӣ ҳалқае аз пай, рӯда ё филиз, ки ба дастаи олатҳои мусиқавии торӣ гузаронда мешавад. то ин ки навозанда барои ҳифзи мақоми мусиқӣ торро дар рӯи он ҳалқа бо ангушт зер кунад
    • Шуд парда миёни туву ҳикмат,

      Он парда, ки бастанд бар чағона.

      Носири Хусрав бештар
    • Наи килки навосанҷони ин соз,

      Баровард инчунин аз парда овоз.

      Мулҳам
  2. мақом, оҳанг, нағма, наво
    • Ба ҳар парда, ки ӯ барад навое,

      Малик додаш пур аз гавҳар қабое.

      Низомӣ
    Пардаи Бӯсалик پرده بوسليک
    исм
    номи оҳанге, ки ба шоъири асри IХ Абӯсалик нисбат медиҳанд
    Пардаи Дерсол پرده دیرسال
    номи яке аз мақомҳои мусиқӣ
    Пардаи Ёқут پرده یاقوت
    исм
    номи яке аз оҳангҳои мусиқӣ
    пардаи муътадил پرده معتدل
    оҳанги форами дилхоҳ
    Пардаи Рост پرده راست
    исм
    номи яке аз мақомҳои мусиқӣ
    Пардаи Ушшоқ پرده عشاق
    исм
    номи яке аз мақомҳои мусиқӣ
    парда гардондан پرده گرداندن
    феъл
    дигар кардани оҳанги мусиқӣ, сар кардани оҳанги дигаре
    парда сохтан پرده ساختن
    феъл
    навохтан
    дар парда задан در پرده زدن
    навохтан
парда پرده I
исм
  1. порча ва матоъе, ки барои пӯшондани дару тиреза ва ғ. ба кор меравад
    • Бар пардаи маҳмилаш назар дошт,

      Боде бивазиду парда бардошт.

      Абдураҳмони Ҷомӣ
  2. чодаре, ки занон барои аз мардон рӯ пинҳон кардан ба сар мегирифтанд, чодар, ниқоб
    • Зи парда бурун кас надида маро,

      На ҳаргиз кас ово шунида маро.

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Ман аз он ҳусни рӯзафзун, ки Юсуф дошт, донистам,

      Ки ишқ аз пардаи исмат бурун орад Зулайхоро.

      Ҳофиз
  3. порчае аз матоъи нафис ё аз кили асп бофташуда, ки барои пӯшидани рӯи занон ба кор бурда мешуд; чашмбанд, бурқаъ, рӯпӯш
    • Парда аз рухсори зебо баргирифт,

      В-аз муроди худ ҳикоят даргирифт.

      Абдураҳмони Ҷомӣ бештар
    • Моҳро пираҳани ҳола ба тан чок шуда,

      Парда бар рӯй кашида зи катон меоӣ.

      Саййидо
  4. пӯсти рӯи чизҳо
    • Мавҷзан шуд пардаи дилшон зи хун,

      То чи ояд аз паси парда бурун.

      Аттор бештар
    • Мурғон, ки даруни байза буданд,

      Ногоҳ зи парда рух намуданд.

      Ҳилолӣ
    • Пардаи чашм он парирухсораро пероҳан аст,

      Гар парӣ набвад, чаро пӯшида аз чашми ман аст?

      Мушфиқӣ
  5. маҷ. ҳарам, хонаи махсуси занон; хонаи хос
    • Паси пардаи ӯ яке духтар аст,

      Ки рӯяш зи хуршед некӯтар аст.

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Лайлӣ чу дари сарой барбаст,

      Бе парда даруни парда биншаст.

      Шоҳин
  6. маҷ. чизи номаълум, ғайб, сирҳои пӯшида
    • Рӯзе ба ҳазор ғам ба шаб меорам,

      То худ фалак аз парда чи орад берун.

      Ибни Ямин
  7. маҷ. уфуқ; осмон
    • Чу хуршед аз парда боло гирифт,

      Ҷаҳон аз саро то Сурайё гирифт.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  8. маҷ. боб, бора, хусус
    • Дар ин парда мерафташ андешае,

      Надоранд шоҳон ҷуз ин пешае.

      Низомӣ
  9. маҷ. қасд, азимат, ирода
    • Ту бар онӣ, ки дили ман бибарӣ, дил надиҳӣ,

      Ман бад-ин парда наям, гар ту бад-ин парда-дарӣ.

      Фаррухӣ
  10. маҷ. муҳофиз, нигаҳбон
    • Сутуни мино, пардаи кишваро,

      Чароғи кайӣ, афсари лашкаро.

      Дақиқӣ
парда پرده III
исм
мусиқӣ миқдори мутафовити зерубамии дунағма, ки фосилаи дувуми бузургро ташкил медиҳад
парда پرده IV
исм
ҳунарҳои намоишӣ бузургтарин воҳиди тақсими намоишнома, ки худ ба чанд саҳна тақсим мешавад 
парда پرده V
исм
  1. роёна ва фанноварии иттилоот рӯяи сафҳаи намоиш, ки матн ва тасовирро намоён месозад
  2. улуми низомӣ ҳар навъ моддаи табиъӣ ё маснӯъӣ, ки барои ҳисгарҳои муроқибатии душман эҷоди тирагӣ кунад ва байни ин ҳисгарҳо ва таҷҳизоти мавриди назар қарор гирад
парда پرده VI
исм
мусиқӣ нигаред ба дастон II 1; навори филизӣ ё чӯбӣ ё устухонӣ, ки бар рӯйи рӯдаста таъбия мешавад ё риштаҳое аз ҷинси рӯда ё абрешим, ки даври дастаи соз дар фавосили муайян баста мешаванд то битавон ба кумаки онҳо симҳоро барои тавлиди нағмаҳои мушаххасшуда дар ҷойи муносиб гирифт; парда

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии парда, маънии вожаи парда, маънии калимаи парда, маънии ибораи парда, маънои парда, маънои вожаи парда, маънои калимаи парда, маънои ибораи парда, таърифи парда, таърифи вожаи парда, таърифи калимаи парда, таърифи ибораи парда, значение парда, значение слова парда, значение фразы парда, значение выражения парда, определение парда, определение слова парда, определение фразы парда, определение выражения парда