Чу шуд шаҳ ба наздикии ғори танг,
Даромад пайи бодпоён ба санг.
Ҳамчу гандум пайи ризқи дигарон меҳнат каш,
Гарчи гардад ба сарат санг, зи кас нон маталаб.
Ғузруф чизест, нармтар аз устухон ва сахттар аз пай.
Аспе, ки чун камони шикаста вуҷуди ӯ,
Сар то қадам ба ғайри пайю устухон набуд.
Аз раият касе, ки мол рабуд,
Гил зи пай баргирифту бом андуд.
Ман толиби ханҷи ту шабу рӯз,
Андар пайи куштанам чароӣ?
Чаро кардаӣ ном Ковуси Кай,
Ки дар ҷанги шерон надорӣ ту пай!
Сад пай зи ҷаври худ маро рухсора тар дидӣ ба хун,
Лаб тар накардӣ ҳеч гаҳ, к-аз чист ин рухсора тар.
бештарМулозимони дарашро бибӯс сад пайи по,
Дуъои ман ба ҷанобон ягон-ягон бирасон.