Шитоби умри ман бинӣ, мабур аз дӯстон, ҷоно,
Гиреҳ магсил зи тан ҷонро, ки душвор аст пайвандаш.
бештарҶон ба лаб омаду пайванди раги ҷони маро,
Торе аз турраи пурпечу хамат мебояд.
Маро гӯӣ зи пайвандам чи дорӣ,
Чи дорам, ҷуз ғами ҳиҷрон надорам.
бештарБошад, ки ба юмни он ду мо ҳам,
Пайванд ба ҳам кунем муҳкам.
Ниҳоли дарди дил, пайванди ишқам,
Муҳаббатзодаам, фарзанди ишқам.
Яке найза зад бар камарбанди ӯй,
Газанде наёмад ба пайванди ӯй.
Сар аз тан ҷудо кун, заминро бишӯй,
Зи пайванди Заҳҳоку хешони ӯй!
бештарҲалокухон... гуфт: Ҳар кас, ки сар аз мутоваати мо печид, бо зану фарзанд ва хешу пайванд ва билоду ибод нест шуд.
Ки хӯрад бар зи ту, ки ту ҳаргиз,
Тухми пайванди кас накоштаӣ!
Чу пайванде набошад ҷону дилро,
Чи хезад аз мулоқот обу гилро?
Чу Ковус рӯи канизак бидид,
Дилаш меҳру пайванди ӯ баргузид.
бештарДил, ки ба пайванд накӯшад, бидӯз,
Ёр, ки дилсӯз набошад, бисӯз.