оҳу آهو I
исм
  1. ҳайвони гиёҳхӯри подарози тездав, ки бо зебоии чашм хушрафторӣ машҳур аст, ғизол
    • Оҳуи кӯҳӣ дар дашт чи гуна давадо,

      Ӯ надорад ёр, бе ёр чи гуна равадо?

      Абуҳафси Суғдӣ бештар
    • Маҷнун чу бидид оҳуе маст,

      Хӯрдаст наҳиби сахт аз шаст ...

      Шоҳин
    оҳуи ҳарам آهوی حرم
    исм
    оҳуе, ки дар атрофи Каъба зиндагӣ доштааст ва аз ҷиҳати эҳтироми Каъба онро шикор намекардаанд
    оҳуи Хутан آهوی خوتن
    исм
    1. 1.
      нигаред ба оҳуи Чин 1; оҳуе, ки дар кӯҳистони Чин (Туркистони Чин, Қошғар, Хутан) зиндагонӣ мекунад ва аз нофаш моддаи хушбӯе мегиранд
    2. 2.
      киноя аз офтоб
    оҳуи тотор آهوی تاتار
    нигаред ба оҳуи татор 1; оҳуи Чин, оҳуи Хутан
    оҳуи татор آهوی تتار
    оҳуи Чин, оҳуи Хутан
  2. киноя аз чашм, дидаи зебо
    • Вақти шикори дил аст оҳуи ту шергир,

      Гашта гурезон чу шер з-ин дили оташфишон.

      Сайфи Исфарангӣ бештар
    • Ду маст оҳуи худро то саҳаргоҳ,

      Чаронидӣ ба боғи ҳусни он моҳ.

      Абдураҳмони Ҷомӣ
    оҳуи Чин آهوی چین
    исм
    оҳуе, ки дар кӯҳистони Чин (Туркистони Чин, Қошғар, Хутан) зиндагонӣ мекунад ва аз нофаш моддаи хушбӯе мегиранд
    ба оҳу савор шудан به آهو سوار شدن
    киноя аз тез давидан
оҳу آهو II
исм
айб, нуқсон, хато
  • Валекин набинад кас оҳуи хеш,

    Туро равшан ояд ҳаме хӯи хеш.

    Абулқосим Фирдавсӣ бештар
  • Оҳукушӣ оҳуи бузург аст,

    Он кас, ки на одамист, гург аст.

    Низомӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии оҳу, маънии вожаи оҳу, маънии калимаи оҳу, маънии ибораи оҳу, маънои оҳу, маънои вожаи оҳу, маънои калимаи оҳу, маънои ибораи оҳу, таърифи оҳу, таърифи вожаи оҳу, таърифи калимаи оҳу, таърифи ибораи оҳу, значение оҳу, значение слова оҳу, значение фразы оҳу, значение выражения оҳу, определение оҳу, определение слова оҳу, определение фразы оҳу, определение выражения оҳу