овардан آوردن
феъл
  1. муқобили бурдан I 1; чизеро ба худ аз ҷое ба ҷое нақл ё ҳамл кардан; ҳозир кардан
    • Бигиредаш аз пушти он пили маст,

      Ба пеши ман оред баста ду даст.

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Биёвард он дам зану шӯйро,

      Ҷавонрову он пирбонуйро.

      Савдо
  2. зоҳир кардан, ба миён ниҳодан; хашм овардан хашмгин шудан
    • Морро ҳарчанд беҳтар парварӣ,

      Чун яке хашм оварад, кайфар барӣ.

      Рӯдакӣ
  3. зодан, таваллул ёфтан; таваллуд кардан, зоидан
    • З-овардани ман набуд гурдунро суд,

      В-аз бурдани ман ба иззу ҷоҳаш н-афзуд.

      В-аз ҳеч касе низ ду гӯшам нашнуд,

      К-овардану бурдани ман аз баҳри чи буд.

      Хайём бештар
    • Пурсидамаш: Чи гунаӣ ва чи ҳолат аст? Гуфт:

      То кӯдаке биёвардам, дигар кӯдакӣ накардам.

      Саъдӣ
  4. нақл кардан, ривоят намудан, ҳикоят кардан
    • Ҳар ки хонад, донам, ки айб накунад ба овардани ин ҳикоят, ки бефоида нест.

      Таърихи Байҳақӣ бештар
    • Дар амсоли ҳукума овардаанд, ки яке аз ҳуккумон яке аз уммоли золими худро ба шиканҷа кашид. Аҳмади Дониш
  5. феъли ёридиҳанда дар феълҳои таркибии номӣ ба маънои кардан, намудан ва ғ., мас. ˊбороварданˊ, ˊпосух оварданˊ, ˊрӯй оварданˊ ва ғ.
    кор овардан کار آوردن
    феъл
    ба кор бурдан, кор фармудан
    ба ранҷ овардан به رنج آوردن
    феъл
    озор додан, ба азоб монондан

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии овардан, маънии вожаи овардан, маънии калимаи овардан, маънии ибораи овардан, маънои овардан, маънои вожаи овардан, маънои калимаи овардан, маънои ибораи овардан, таърифи овардан, таърифи вожаи овардан, таърифи калимаи овардан, таърифи ибораи овардан, значение овардан, значение слова овардан, значение фразы овардан, значение выражения овардан, определение овардан, определение слова овардан, определение фразы овардан, определение выражения овардан