наргис نرگس
исм
  1. номи гиёҳи пиёзбехи хурду нозук, ки гулҳои хушбӯи сафед ё зард дорад
    • Бар фарқи сари наргис-бар зард кулоҳ.

      Бар фарқи сари чакова як мушт гиёҳ.

      Манучеҳрӣ
  2. маҷ. чашм, чашми маҳбуба
    • Пас он хоҳарони ҷаҳондор Ҷам,

      Зи наргис гули сурхро дода нам.

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Чун шуда сер наргиси ту зи хоб,

      Гули рӯи ту шустам ба гулоб.

      Абдураҳмони Ҷомӣ
    наргиси бемор نرگس بیمار
    исм
    чашми хумори маҳбуба
    наргиси махмур نرگس مخمور
    исм
    чашми хумор
    наргиси макҳул نرگس مکحول
    исм
    киноя аз чашми сурмасо, чашми сиёҳ
    наргиси пурфан نرگس پرفن
    исм
    киноя аз чашми фитнаангез, чашми мафтункунанда
    наргиси фаттон نرگس فتان
    исм
    чашми шӯхи фитнаагез
    наргиси шаҳло نرگس شهلا
    исм
    1. 1.
      наргисе, ки сафедӣ ва зардии он моил ба сиёҳист
    2. 2.
      маҷ. чашми маъшуқ
    наргиси шергир نرگس شیرگیر
    исм
    киноя аз чашми мафтункунандаи маҳбуба
    наргиси ҷоду نرگس جاد و
    исм
    чашми фаттон, чашми мафтункунанда
    аз наргис бар суман симоб рехтан از نرگس بر سمن سیماب ریختن
    киноя аз рехтани ашк аз чашм ба рӯй

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии наргис, маънии вожаи наргис, маънии калимаи наргис, маънии ибораи наргис, маънои наргис, маънои вожаи наргис, маънои калимаи наргис, маънои ибораи наргис, таърифи наргис, таърифи вожаи наргис, таърифи калимаи наргис, таърифи ибораи наргис, значение наргис, значение слова наргис, значение фразы наргис, значение выражения наргис, определение наргис, определение слова наргис, определение фразы наргис, определение выражения наргис