муҷаррад مجرد
арабӣ
сифат
  1. танҳо, аз мардум дур, танҳоигузида
    • Дарвеше муҷаррад ба гӯшаи саҳрое нишаста буд.

      Саъдӣ бештар
    • Муҷаррад бошу бар риши ҷаҳон ханд,

      Зи мардум бигсилу бар мардумон ханд.

      Убайди Зоконӣ
  2. ҷудо, озод, фориғ
    • Гарчи муҷаррад шавӣ аз ҳар касе,

      Бар сари он низ намонад басе.

      Низомӣ бештар
    • Бо он ки аҳли дил зи алоиқ муҷарраданд,

      Дар доми зулфи силсиламӯён муқаданд.

      Абдураҳмони Ҷомӣ
  3. танҳо, ягона
    • Хоҷа чун он абри бондору хатарнок

      Ҳаст ба қавлу амал ҳамеша муҷаррад.

      Манучеҳрӣ
  4. бараҳна, урён
    • Умрест, к-аз либоси тааллуқ муҷаррадам,

      Нагрифтааст хори ғаме домани маро.

      Фузулӣ бештар
    • Оре, ки офтоби муҷаррад ба як шуоъ

      Бехи кавокиби шаби ялдо барафганад.

      Хоқонӣ
  5. марди безан
    • Шиноварест, ки бастанд санг бар пояш,

      Муҷарраде, ки гирифтори кадхудой шуд.

      Соиб
  6. ғайримоддӣ, ҳамчун ақл, ҳуш, нафс ва ғ. (ба ақидаи олимони қадим); абстрактӣ
    • Дар ҳама рутбаҳои имконӣ

      Чи муҷаррад, чи ҷисму ҷисмонӣ.

      Абдураҳмони Ҷомӣ бештар
    • Ақл аз ӯ маънии муҷаррад баст,

      Ҷисм аз ӯ бар хатти қуюд нишаст.

      Бедил
    ба муҷарради به مجرد
    зарф
    1. 1.
      дарҳол, билфосила
    2. 2.
      ба ... маҳзи..., танҳо ба...., маҳзи ...;баробари...

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии муҷаррад, маънии вожаи муҷаррад, маънии калимаи муҷаррад, маънии ибораи муҷаррад, маънои муҷаррад, маънои вожаи муҷаррад, маънои калимаи муҷаррад, маънои ибораи муҷаррад, таърифи муҷаррад, таърифи вожаи муҷаррад, таърифи калимаи муҷаррад, таърифи ибораи муҷаррад, значение муҷаррад, значение слова муҷаррад, значение фразы муҷаррад, значение выражения муҷаррад, определение муҷаррад, определение слова муҷаррад, определение фразы муҷаррад, определение выражения муҷаррад