муҳра مهره
исм
  1. яке аз устухонҳои (фиқраҳои) миёни тахтапушт ва гардан
    • Аз он ҷумла ҳафт муҳраҳои пушт аст.

      Маҷмаъу-л-ансоб бештар
    • Ҳамон гардани шоҳи Мозандарон,

      Ҳама муҳра бишкан ба гурзи гарон.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  2. донаи шоҳмот, нард ва ғ.
    • Ба шашхона нашуд комаш муяссар,

      Наёмад муҳрааш берун зи шашдар.

      Абдураҳмони Ҷомӣ бештар
    • Ба каф гирифта равон нақд ошиқи содиқ,

      Куҷост нақд-бибозад ба муҳраи ту ҳариф.

      Шоҳин
  3. донаи ба ришта кашидашуда
    • Гузаштанд, мо низ ҳам бигзарем,

      Ки чун муҳраи иқди якдигарем.

      Низомӣ
    муҳраи каҳрабо مهره کهربا муҳраи каҳрубо
    исм
    санги каҳрабо
  4. асбоби сайқалдиҳии коғаз баъд аз оҳор додан; муҳра дорамудан сайқал додан
    • Ман, ки муҳра ба худ даромудам,

      Сар ба муҳри ризои ӯ будам.

      Низомӣ
  5. дона ва кулӯлаи гилӣ ё сангӣ, ки ба ҷои тир бо камонгурӯҳа ғурронда мешудааст
    • Хост аввал камонгурӯҳа чу бод,

      Муҳрае дар камонгурӯҳа ниҳод.

      Низомӣ
  6. моддае, ки ба эътиқоди авом дар сари мор қарор дорад ва чун подзаҳр ба моргазидагон шифо мебахшад
    • Чу аз ман баршудӣ чун муҳра аз мор,

      Ман аз гул дур мемонам, ту аз хор.

      Низомӣ бештар
    • Беҳтарин ҷое ба дасти бадтарин қавме, к-аз ӯ

      Муҳраи ҷондору андар мағзи сӯъбон дидаанд.

      Хоқонӣ
    муҳраи зар مهره زر
    киноя аз офтоб, хуршед
    муҳраи каҳрабогун مهره کهرباگون муҳраи каҳрубогун
    исм
    киноя аз замин
    муҳраи лоҷвард مهره لاجورد
    исм
    киноя аз осмон
    муҳраи сапеду сиёҳ مهره سپید و سیاه
    киноя аз рӯз ва шаб
    муҳраву тос مهره و طاس
    исм
    киноя аз дунё
    муҳра баровардан مهره برآوردن
    феъл
    киноя аз ҳунар ва корнома нишон додан, тадбир ба кор бурдан
    муҳра барчидан مهره برچیدن
    феъл
    1. 1.
      киноя аз кандани алоқаи дӯстӣ, тарки алоқа кардан, даст кашидан
    2. 2.
      киноя аз хотима додан, монда рафтан, канор гирифтан

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии муҳра, маънии вожаи муҳра, маънии калимаи муҳра, маънии ибораи муҳра, маънои муҳра, маънои вожаи муҳра, маънои калимаи муҳра, маънои ибораи муҳра, таърифи муҳра, таърифи вожаи муҳра, таърифи калимаи муҳра, таърифи ибораи муҳра, значение муҳра, значение слова муҳра, значение фразы муҳра, значение выражения муҳра, определение муҳра, определение слова муҳра, определение фразы муҳра, определение выражения муҳра