Эй мояи хубию некномӣ,
Рӯзам надиҳад бе ту рӯшноӣ.
бештарБад-он кас, ки ҷонаш зи дониш тиҳист,
Ситеҳиданат мояи аблаҳист.
Захми бало марҳами худбинӣ аст,
Талхии май мояи ширинӣ аст.
Туро мулк ҳасту сатру ҷамол,
Беҳ аз ин кай расӣ ба ҷуфти ҳалол.
бештарАз раийят шаҳе ки моя рабуд,
Буни девор канду бом андуд.
Чу хар моя, ки буд аз пеша бардошт,
Қалам бар ман фиганду теша бардошт.
Зи ҳар нусха бардоштам мояҳо,
Бар ӯ бстам аз назм перояҳо.
Ту ин моя охир напиндоштӣ,
Ки аз ҷанг авлотар аст оштӣ.
Хӯрад бешу кам он моя, ки хоҳад
Ба рӯз афзояд он-ч з вай бимонад.
бештарҲар ки дар пеши сухани дигарон афтад, то мояи фазлаш бидонанд, пояи ҷаҳлаш бишносанд.
Нашояд хӯи бадро моя кардан,
Бузургонро чунин бе моя кардан.
Чу дорандагони туро моя нест,
Мар-ӯро ба гетӣ чу ман доя нест.