Ҷуз ин қадар натавон гуфт дар ҷамоли ту айб,
Ки холи меҳру вафо нест рӯи зеборо.
Ва бо дӯсту душман тариқи эҳсон пеш гирад, ки дӯстонро меҳр ва муҳаббат бияфзояд.
Камар бандаду чарбдастӣ кунад,
Ба сад меҳр меҳмонпарастӣ кунад.
Ишқ ҳар ноқисбасиратро намегардад насиб,
Меҳри оламтоб бо хаффош ҳамдам кай шавад?
Гар ба фарвардин надорад меҳр хашму кин, чаро
Бистурад меҳр аз чаман нақше, ки фарвардин кунад.
Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,
Меҳр бифзой, эй нигори моҳчеҳри меҳрубон!