Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
маҷлис مجلس I
арабӣ
исм
  1. ҷои ҷамъомади одамон бо мақсади машварат, суҳбат ё зиёфат; маҳалли ҷаласа
    • Холид бархост ва бирафт ва ҳаргиз дигар ба маҷлиси Умар наёмад.

      Маҷмаъу-л-ансоб
  2. ҷаласа, ҷамъомади одамон барои машварат
    • Пас аз ин маҷлисе кард бо устодам; ӯ ҳикоят кард, ки дар он хилват чи рафт.

      Таърихи Байҳақӣ
    маҷлис оростан مجلس آراستن
    феъл
    мачлис барпо кардан, барои машварате ба ҷое ҷамъ шудан
  3. ҷамъомади одамон барои суҳбат ва зиёфат; ҷамъомада дӯстон; маҳфил; базм
    • Ҳофиз, ороста кун базму бигӯ воизро,

      Ки бубин маҷлисаму тарки сари манбар гир!

      Ҳофиз бештар
    • Ёр соқӣ шуду бе парда ба маҷлис омад,

      Бар дари майкада гулбонги садо дардоданд.

      Ибни Ямин
  4. маҷ. ҳузур, қабули маъмурон аз тарафи подшоҳ
    • Ардастонӣ, чун маҷлиси Алӣ Одилшоҳ дарёфта ӯро мусир ва муҷид дид, ба Аҳмаднагар шитофт.

      Таърихи Фаришта
маҷлис مجلس II
исм
умумӣ маҷмаъи намояндагон, ки вазифаи қонунгузориро дар кишвар бар уҳда дорад
маҷлис مجلس III
исм
ҳунарҳои намоишӣ дар сохтори ғайриарастуӣ ва хаттӣ, бахше аз намоиш, ки бо тағйири ороя ва мавқеъият, бидуни дар назар гирифтани таволии замонӣ ва маконӣ, ҳамроҳ аст

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии маҷлис, маънии вожаи маҷлис, маънии калимаи маҷлис, маънии ибораи маҷлис, маънои маҷлис, маънои вожаи маҷлис, маънои калимаи маҷлис, маънои ибораи маҷлис, таърифи маҷлис, таърифи вожаи маҷлис, таърифи калимаи маҷлис, таърифи ибораи маҷлис, значение маҷлис, значение слова маҷлис, значение фразы маҷлис, значение выражения маҷлис, определение маҷлис, определение слова маҷлис, определение фразы маҷлис, определение выражения маҷлис