лаб لب
исм
  1. канораи боло ва поини даҳон, ки рӯи дандонҳоро мепӯшонад
    • Забон кард гӯёву дил кард гарм,

      Биёрост лабро ба гуфтори нарм. 

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Нақди ҷонро лаби хомӯш нигаҳбон бошад,

      Рахнаи мамлакати дил лаби хандон бошад. 

      Соиб
    лаби понхӯрда لب پان‌خورده
    сифат
    лаби сурх
    лаби ёқутранг لب یاقوت‌رنگ
    сифат
    лаби сурх
    лаби ширбӯй لب شیربوی
    исм
    лаби кӯдак; лаби бача 
    лаб бар ҳам لب بر هم
    зарф
    1. 1.
      лаб баста, бо лаби баста
    2. 2.
      маҷ. хомӯшона, сокит
    3. 3.
      маҷ. мутеона
    лаб зи гуфтугӯ бастан لب ز گفتگو بستن
    феъл
    хомӯш шудан, сукут ихтиёр кардан
    лаби майгун لب می‌گون
    сифат
    лаби сурх 
    лаби лаъли шакархо لب لعل شکرخا
    исм
    киноя аз лаби сурхи маҳбуба, даҳони ширингуфтор
    лаб кушодан لب گشادن
    феъл
    даҳан барои сухангӯӣ кушодан
    лаби лаъл لب لعل
    сифат
    лаби сурх 
  2. канор, соҳил
    • Ва аз лаби Ҷайҳун то Фараб як фарсанг аст. 

      Таърихи Наршахӣ бештар
    • Хун меравад зи чашмам, он бахт ку, ки бинам,

      Сарве нишаста бар лаб ин чашмаи равонро. 

      Абдураҳмони Ҷомӣ
    • Дар муддати ду моҳ камобеш ба лаби дарёи Сир рафтанд, дар соҳате мусаммо ба Сосиққӯл нузул фармуд. 

      Аҳмади Дониш
  3. канора, атроф, ҳошияи чизе 
    • То саму сар бароварид зи дашт,

      Гашт зангоргун ҳам лаби кишт. 

      Рӯдакӣ бештар
    • Чу Фиръавн тарки табоҳӣ накард,

      Ба ҷуз то лаби гӯр шоҳӣ накард. 

      Саъдӣ
    лаби теғ لب تیغ
    исм
    дами тези теғ 
  4. канораи болоии пиёла, хум ва ғ.
    • Ҳушёр набудаам даме то ҳастам,

      Имшаб шаби қадр асту ман имшаб мастам,

      Лаб бар лаби ҷому сина бар синаи хум,

      То рӯз ба гардани суроҳӣ дастам. 

      Хайём
    лаби пиёла газидан لب پیاله گزیدن
    феъл
    киноя аз сар кардан ба нӯшидани шароб 
    ба лаб омадани ҷон به لب آمدن جان
    киноя аз ба ҷон расидан, танг шудани аҳвол, қариб ба марг расидан
    бар лаб гузар кардани сухан بر لب گذر کردن سخن
    киноя аз гуфта шудани сухан, аз даҳони касе баромадани сухан
    лаб ба ҳарфи чизе ошно накардан لب به حرف چیزی آشنا نکردن
    феъл
    лаб барои гуфтугӯи ягон чиз накушодан, аз чизе андаке ҳам гап назадан
    лаб ба кулӯхи хушк молидан لب به کلوخ خشک مالیدن
    феъл
    киноя аз сукут кардан ва қаноъат варзидан ба чизи андак
    лаб ба муҳр будан لب به مهر بودن
    феъл
    1. 1.
      киноя аз даҳон бастан аз хӯрданию нӯшиданӣ, рӯзадор будан; парҳез будан
    2. 2.
      аз сухангӯӣ бозмондан, хомӯшӣ ихтиёр кардан
    лаб аз шир шустани кӯдак لب از شیر شستن کودک
    киноя аз  фориғ шудани кӯдак аз ширхӯрӣ
    лаб аз афсун бастан لب از افسون بستن
    феъл
    аз макру ҳила даст кашидан
    лаб ба дандон газидан لب به دندان گزیدن
    феъл
    киноя аз изҳори нокомӣ ва ҳасрату надомат кардан
    лаб сапед кардан لب سپید کردن
    феъл
    киноя аз табассум кардан, ханда кардан
    лаб ширин кардан لب شیرین کردن
    феъл
    лаб сапед кардан
    бо якдигар хусбидани лаб با یکدیگر خسبیدن لب
    киноя аз хомӯш будан, ором ва сокит будан, сукут варзидан
    лабу канор لب و کنار
    исм
    киноя аз бӯса ва ҳамоғӯшии маҳбуба
    лаби нӯш لب نوش
    сифат
    киноя аз лаби ширин 
    лаб ба лаб لب به لب
    зарф
    лаболаб, пур, моломол, лабрез
    лаб пуроб кардан لب پرآب کردن
    феъл
    киноя аз ба шавқу ҳавас овардан касеро
    дар зери лаб хандидан در زیر لب خندیدن
    феъл
    тамасхур кардан, ришханд кардан
    бо ҳам наёмадани лаб با هم نیامدن لب
    худдорӣ карда натавонистан аз гуфтани чизе
    ҷон ба лаб барниҳодан جان به لب برنهادن
    киноя аз муҳайё шудан, омода будан

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии лаб, маънии вожаи лаб, маънии калимаи лаб, маънии ибораи лаб, маънои лаб, маънои вожаи лаб, маънои калимаи лаб, маънои ибораи лаб, таърифи лаб, таърифи вожаи лаб, таърифи калимаи лаб, таърифи ибораи лаб, значение лаб, значение слова лаб, значение фразы лаб, значение выражения лаб, определение лаб, определение слова лаб, определение фразы лаб, определение выражения лаб