задан زدن
феъл
  1. кӯфтан, чизеро ба чизе сахт расондан
    • Ҳар он кас, ки бар санг оҳан задӣ,

      Аз ӯ рӯшноӣ падид омадӣ.

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Задӣ зарбате, зарбате нӯш кун.

      Зарбулмасал
  2. буридан, қатъ кардан, бурида ҷудо кардан
    • Бизан шохе, ки гулшанро зиён аст,

      Агар дасташ ба дасти боғбон аст.

      Нозим бештар
    • ... Ҳамаро гардан бизад.

      Маҷмаъу-л-ансоб
  3. ҳуҷум кардан, ҳамла овардан
    • [Маликзода] ... ин бигуфту бар сипоҳи душман зад ва тане чанд аз мардони корӣ биандохт.

      Саъдӣ бештар
    • Ногоҳ Туғрил хештан бар оммаи шаҳр зад ва наъра бархост.

      Таърихи Систон
  4. газидан, неш фурӯ кардан, неш халондан
    • Морӣ ту, ки ҳар киро бубинӣ бизанӣ,

      Ё бум, ки ҳар куҷо нишинӣ, биканӣ?

      Саъдӣ
  5. нӯшидан, хӯрдан, ошомидан
    • Бар ман, ки сабӯҳӣ задаам, хирқа ҳаром аст,

      Эй маҷлисиён, роҳи харобот кадом аст?

      Саъдӣ
  6. бархӯрдан, вохӯрдан, дучор шудан, пайдо шудан
    • Мол ӯ ёбад, ки касбе мекунад,

      Нодире бошад, ки бар ганҷе занад.

      Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ
  7. густурдан, паҳн кардан, кашидан
    • ... Симоте зада буд, ки даҳ ҳазор сар хон бар рӯи он ниҳода буданд.

      Маҷмаъу-л-ансоб
  8. расондан чизеро ба чизе, молидан
    • Ҳаргиз ба тараб шароби нобе нахӯрам,

      То аз кафи андӯҳ шаробе нахӯрам.

      Ноне назанам дар намаки ҳеч касе,

      То аз ҷигари хеш кабобе нахӯрам.

      Хайём
  9. тулуъ кардан, баромадан
    • Чу зад бар сари кӯҳ-бар теғ шед,

      Чу кофур шуд рӯи гетӣ сапед.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  10. монанд будан, наздик будан
    • Чашмаш на сиёҳ буд ва ба сабзӣ задӣ.

      Маҷмаъу-л-ансоб
  11. навохтан, сурудан
    • Вақти саҳаргаҳ чаков хуш бизанад дар таков,

      Соъатаке «Ганҷи Гов», соъатаке «Ганҷи Бод».

      Манучеҳрӣ
  12. ниҳодан, гузоштан, устувор кардан дар миёни чизе
    • Камонро бимолид чангӣ ба чанг,

      Бизад бар камар чор тири хаданг.

      Абулқосим Фирдавсӣ
  13. ҳамчун феъли ёридиҳанда таркибҳои зиёди феълӣ месозад: барқ задан, бол задан, бӯса задан, ғел задан, мижа задан
    ба ҳам задан به هم زدن
    феъл
    1. 1.
      ба ҳам кӯфтан (ду ё якчанд чизро)
    2. 2.
      вайрон ва нобуд кардан
    3. 3.
      ҷангу фитна андохтан, алоқаи ду касро вайрон кардан
    достон задан داستان زدن
    феъл
    1. 1.
      гуфтан, ривоят кардан, нақл кардан
    2. 2.
      зарбуламасал, ирсоли масал, тамсил, ирсоли мисл кардан, мисл рондан

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии задан, маънии вожаи задан, маънии калимаи задан, маънии ибораи задан, маънои задан, маънои вожаи задан, маънои калимаи задан, маънои ибораи задан, таърифи задан, таърифи вожаи задан, таърифи калимаи задан, таърифи ибораи задан, значение задан, значение слова задан, значение фразы задан, значение выражения задан, определение задан, определение слова задан, определение фразы задан, определение выражения задан