Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
забон زبان I
исм
  1. зистшиносӣ узви гӯштӣ ва мутаҳаррик дар даҳони инсон ва ҳайвон, ки бо он мазаи ғизоҳо чашида мешавад ва ба ҷавидани ғизову балъи он кумак мекунад ва инсон ба василаи он ҳарф мезанад
  2. воситаи ифодаи фикр ва алоқа бо мардум; нутқ
    • Забон дар даҳон, эй хирадманд, чист? –

      Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.

      Саъдӣ бештар
    • Ва ба воситаи ихтилофи луғат ва забон муҳимми ман ба душворӣ кашида...

      Аҳмади Дониш
    дастури забон دستور زبان
    исм
    1. 1.
      шохае аз мутолиъоти забонӣ ва забоншинохтӣ шомили сарфу наҳв
    2. 2.
      низоме, ки бар асоси он таквожҳо ва вожаҳои забон барои ташкили ҷумла сомон меёбанд
    3. 3.
      тавсифе аз низоми ҷумлаҳо ва созаҳои он ба шакли маҷмӯъае аз қавоъид; дастур
    забони аҷамӣ زبان عجمی забони ъаҷамӣ
    исм
    забони мардуми ғайри араб
  3. нӯги чизе
    • Хор, ки дорад ба забон нештар,

      Ҳам ба халидан шиканад бештар.

      Хусрави Деҳлавӣ
    забони хома زبان خامه
    исм
    нӯги қалам
    забони қалам زبان قلم
    исм
    нигаред ба забони хома 1; нӯги қалам
    забони аламони زبان الامانی
    исм
    паноҳхоҳӣ, талаби паноҳ
    забони ҳол زبان حال
    исм
    ифода ва баёни ҳол, ки бегап задан аз вазъияти зоҳирии шахсе ё чизе маълум мегардад
    забони безабонӣ زبان بی‌زبانی
    сифат
    нигаред ба забони ҳол 1; ифода ва баёни ҳол, ки бегап задан аз вазъияти зоҳирии шахсе ё чизе маълум мегардад
    забони гирифта زبان گرفته
    сифат
    забони лакнатдор, тутила
    забони гов زبان گاو
    исм
    1. 1.
      навъе аз пайкони тири шикорӣ
    2. 2.
      нигаред ба говзабон 1; як хел рӯстании давоӣ, ки онро говзабон низ меноманд
    забони гӯё زبان گویا
    сифат
    забони сухангӯ, забони фасеҳу равон, забони қобили нутқ
    забони заргарӣ زبان زرگری
    исм
    забони шартӣ, забони сохта, забони махфӣ
    забони мағздор زبان مغزدار
    сифат
    суханони маънидор, мулоҳизаи чуқур, баёни фасеҳу балеғ
    забони ниёзмазмун زبان نیازمضمون
    исм
    зорӣ, тавалло, илтиҷо
    забони оташин زبان آتشین
    сифат
    забони бурро, тезу тунд
    забони чарб زبان چرب
    сифат
    забони мулоиму хуш, хушзабонӣ
    забон барзадани субҳ زبان برزدن صبح
    киноя аз тулӯъи фаҷр, дамидани сапедаи саҳарӣ; субҳи зуд
    забон баркушодан زبان برکشادن
    феъл
    гап сар кардан (дар бораи чизе), ба гуфтани чизе оғоз кардан
    забон баровардан زبان برآوردن
    феъл
    ба гап даромадан, сухан сар кардан
    забон бастан زبان بستن
    феъл
    1. 1.
      хомӯш будан, сухан нагуфтан, гап назадан
    2. 2.
      хомӯш кунондан, сокит кардан
    забон гирифтан زبان گرفتن
    феъл
    1. 1.
      тутила шудан; гап зада натавонистан
    2. 2.
      сир гирифтан, ҷосус мондан
    забон даркашидан زبان درکشیدن
    феъл
    хомӯш шудан, сокит шудан, ҷим шудан
    забон додан زبان دادن
    феъл
    1. 1.
      ваъда додан, қавл додан, аҳду паймон бастан
    2. 2.
      иқрор шудан, эътироф кардан, ба гардан гирифтан
    3. 3.
      фиреб додан, гӯл додан
    забон доштан زبان داشتن
    феъл
    1. 1.
      дорои забон будан
    2. 2.
      маҷ. бо касе ҳамфикр будан, аҳду паймон доштан
    забон задан زبان زدن
    феъл
    ба дигарон сухан надода гап задан
    забон кардан زبان کردن
    феъл
    забондарозӣ кардан; таҷовуз кардан ба касе бо сухани қабеҳ, таъна кардан
    забон кашидан زبان کشیدن
    феъл
    бадгӯӣ кардан, дашном додан, ҳақорат кардан
    забон кушодан زبان کشادن
    феъл
    гуфтан, баён кардан, изҳор кардан
    забон ба чизе кушодан زبان به چیزی کشادن
    феъл
    ба баёни чизе сар кардан
    забон кӯтоҳ кардан زبان کوتاه کردن
    феъл
    аз гуфтани чизе худдорӣ кардан
    забон кӯтоҳ шудан زبان کوتاه شدن
    феъл
    хомӯш шудан ба сабаби айбе ё тарсе
    забон сапед кардан زبان سپید کردن
    феъл
    изҳори хоксорӣ ва оҷизӣ кардан
    забон ситондан زبان ستاندن
    феъл
    хомӯш гардонидан, гап намезадагӣ кардан
    забон тоза кардан زبان تازه کردن
    феъл
    гуфтан, баён кардан
    забон фурӯ бастан زبان فرو بستن
    феъл
    нигаред ба забон бастан 1; хомӯш будан, сухан нагуфтан, гап назадан
    забон чарб кардан زبان چرب کردن
    феъл
    забон мулоим кардан, нармгуфтор шудан, ширинсухан гаштан
    забон ширин кардан زبان شیرین کردن
    феъл
    нармгуфтор шудан, ширинсухан гардидан
    забон як кардан زبان یک کردن
    феъл
    1. 1.
      дар гуфтугӯ бо касе мувофиқат кардан, ҳамфикр шудан, ҳаммаслак шудан
    2. 2.
      сӯи қасд кардан
    забони панд кушодан زبان پند گشادن
    феъл
    насиҳат сар кардан, насиҳат додан
    забони эътироз кушодан زبان اعتراض گشادن
    феъл
    узрхоҳӣ кардан, узр овардан
    забон аз қафо кашидан زبان از قفا کشیدن
    феъл
    ҷазо додан ва шиканҷа кардан
    забон ба банд будан زبان به بند بودن
    феъл
    хомӯш будан
    забон ба гуфтугӯ кушодан زبان به گفتگو گشادن
    феъл
    ба сухан шурӯъ кардан
    забон ба даҳон набудан زبان به دهان نبودن
    феъл
    ба сабабе гап зада натавонистан, лол ва хомӯш шудан
    забон бар гизоф кушодан زبان بر گزاف گشادن
    киноя аз суханони беҳуда ва бемаънию бефоида гуфтан
    забон бар девор молидан زبان بر دیوار مالیدن
    таваккал кардан; қаноъат кардан
    забон бар хок молидан زبان بر خاک مالیدن
    феъл
    суст шудан, оҷиз мондан
    забон дар ком кашидан زبان در کام کشیدن
    феъл
    нигаред ба забон даркашидан 1; хомӯш шудан, сокит шудан, ҷим шудан
    забон дар ком будан زبان در کام بودن
    феъл
    нигаред ба забон даркашидан 1; хомӯш шудан, сокит шудан, ҷим шудан
    забон дар таҳи забон доштан زبان در ته زبان داشتن
    ҳар дам чизе гуфтан, бар гуфтаи худ собит набудан, дар ақидае устувор набудан
    забонро дар хоб кардан زبان را در خواب کردن
    феъл
    хомӯш шудан, сокит шудан, суқут намудан
    забон зи нукта фурӯ мондан زبان ز نکته فرو ماندن
    феъл
    гапҳои латифу бамаънӣ гуфта натавонистан
    аз забон афкандан از زبان ‌افکندن
    феъл
    маҷоли сухангӯӣ надодан
    аз забон афтодан از زبان افتادن
    феъл
    1. 1.
      маҷоли сухан надоштан
    2. 2.
      суст шудан, аз ҳаракат мондан
    аз забон баромадан از زبان برآمدن
    феъл
    1. 1.
      қобилияти сухан доштан
    2. 2.
      ифодаи орзу кардан
    аз забон даромадан از زبان درآمدن
    феъл
    саҳву хато кардан дар гуфтугӯ
    аз забон мондан از زبان ماندن
    феъл
    гап зада натавонистан
    аз забон ҷастан از زبان جستن
    феъл
    нигаред ба аз забон даромадан 1; саҳву хато кардан дар гуфтугӯ
    аз зери забон забон баровардан از زیر زبان زبان برآوردن
    феъл
    1. 1.
      дар суханпардозӣ ҳунар нишон додан
    2. 2.
      чизеро маҷозан фаҳмидан
    ба забон гирифтан به زبان گرفتن
    феъл
    вирди забон кардан; овоза гардонидан
    ба забон нигоҳ доштан به زبان نگاه داشتن
    феъл
    хушомадгӯӣ кардан; дилбардорӣ кардан
    ба забон омадан به زبان آمدن
    феъл
    гап задан, сухан гуфтан, сукути худро шикаста ба гап даромадан
    бар забон будан بر زبان بودن
    феъл
    вирди забонҳо будан; машҳур будан, шуҳрат ёфтан
    бар забон рафтан بر زبان رفتن
    феъл
     беихтиёрона, ногаҳон ифода ёфтан
    бар забон гузаштан بر زبان گذشتن
    феъл
    нигаред ба бар забон рафтан 1;  беихтиёрона, ногаҳон ифода ёфтан
    бар забон давидан بر زبان دویدن
    феъл
    нигаред ба бар забон рафтан 1;  беихтиёрона, ногаҳон ифода ёфтан
    бар забон овардан بر زبان آوردن
    феъл
    зикр кардан, ёд кардан
    гап дар нӯги забон будан گپ در نوگ زبان بودن
    феъл
     ба гуфтан тайёр будан
    қосир будани забон قاصر بودن زبان
    аз уҳдаи баёни чизе баромада натавонистан, бенутқ будан, кӯтоҳ будани забон
  4. маҷ. аскари душман, ки барои огоҳ шудан аз сирри душман асир гирифта мешавад
забон زبان II
исм
забоншиносӣ дониши муштарак байни аъзои як ҷомеъаи башарӣ, ки иртиботи каломии миёни онҳоро мумкин месозад ва мавзӯъи баррасии илми забоншиносӣ аст

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии забон, маънии вожаи забон, маънии калимаи забон, маънии ибораи забон, маънои забон, маънои вожаи забон, маънои калимаи забон, маънои ибораи забон, таърифи забон, таърифи вожаи забон, таърифи калимаи забон, таърифи ибораи забон, значение забон, значение слова забон, значение фразы забон, значение выражения забон, определение забон, определение слова забон, определение фразы забон, определение выражения забон