Надид омадӣ манҷаник аз бараш,
Чу жола ҳамекӯфтӣ бар сараш.
Гуфтам: Ба даври лола кашам як пиёлае,
Бо рағми ман бирехт фалак санги жоларо.
Шуда жола дар гул чу май дар қадаҳ,
Ҳаметофт аз чарх қавси қузаҳ.
Жола бар лола фуруд омада ҳангоми саҳар,
Рост чун орази гулбӯи арақкардаи ёр.
Жола аз наргис фурӯ бориду гулро об дод,
В-аз тагарги рӯҳпарвар молиши унноб дод.
Лола ба шамшод баромехтанд,
Жола ба гулнор даровехтанд.