дор دار II
арабӣ
исм
хона, ҳавлӣ; ҷой, манзил
  • Ғанимат дон ту ин дамро, ки даври ҷоми миноӣ,

    На дораш монд, не доро, на қасраш монду не қайсар.

    Бадри Чочӣ бештар
  • Рафт шодию тараб, омад ғам бар ҷояш,

    Дори меҳнат шуда аз ғусса тарабхонаи талх. 

    Имло
дори истифо دار استیفا
исм
девони ҳисобдорӣ; девони назорат ба дахлу харҷи мамлакат
дори мулк دار ملک
исм
нигаред ба дорулмулк 1; шаҳри марказии мамлакат, пойтахт
дори нуҳдар دار نهدر
исм
 киноя аз дунё 
ба ҷониби дори адн хиромидан به جانب دار عدن خرامیدن
киноя аз вафот кардан 
дори фано دار فنا
исм
киноя аз дунё 
дори фонӣ دار فانی
исм
нигаред ба дори фано 1; киноя аз дунё 
дори шифо دار شفا
исм
нигаред ба дорушшифо 1; касалхона, бемористон, беморхона
дори шашдар دار ششدر
исм
киноя аз дунё 
дору диёр دارو دیار
исм
ватан
ба дори бақо интиқол кардан به دار بقا انتقال کردن
киноя аз мурдан, вафот кардан
ба дори бақо пайвастан به دار بقا پیوستن
киноя аз мурдан
дор دار I
исм
  1. дарахт; танаи дарахт
    • Баҳор ораду тирмоҳу хазон,

      Барорад пур аз мева дори разон. 

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Сиёҳгӯш... бар канори беша муше дид..., ки ба дандони аррасифат аҷзои уруқи дорро мунфасил месозад. 

      Анвори Суҳайлӣ
  2. чӯби ғафс, ки бо он болои хонаро мепӯшанд, болор
    • Дувӯм дониш аз осмони баланд,

      Ки бар пой чун аст бе дору банд. 

      Абушакури Балхӣ
  3. сутуни баланди ба замин шинондашудае, ки гунаҳгорони маҳкум ба эъдомро бо чилбур аз гардан ба нӯги он меовезанд
    • Сухан бифганад минбару дорро,

      Зи сӯрох берун кашад морро. 

      Абушакури Балхӣ бештар
    • Сари ӯро зи дор андешае не,

      Ба ғайр аз дуздӣ ӯро пешае не. 

      Саййидо
  4. иншооти махсусе, ки арғамчинҳои ғафсро ба сари чӯбҳои ба замин нишондашуда таранг баста, дорбозҳо бар болои он баромада, бозӣ ва ҳунарнамоӣ мекунанд
дор دار V
исм
муҳандисии манобеи табиии муҳитзист ва ҷангал дарахтҳое, ки метавон аз онҳо алвор тавлид кард

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии дор, маънии вожаи дор, маънии калимаи дор, маънии ибораи дор, маънои дор, маънои вожаи дор, маънои калимаи дор, маънои ибораи дор, таърифи дор, таърифи вожаи дор, таърифи калимаи дор, таърифи ибораи дор, значение дор, значение слова дор, значение фразы дор, значение выражения дор, определение дор, определение слова дор, определение фразы дор, определение выражения дор