Тарҷима ба забонҳои зер дастрас аст:
дор دار I
исм
  1. дарахт; танаи дарахт
    • Баҳор ораду тирмоҳу хазон,

      Барорад пур аз мева дори разон. 

      Абулқосим Фирдавсӣ бештар
    • Сиёҳгӯш... бар канори беша муше дид..., ки ба дандони аррасифат аҷзои уруқи дорро мунфасил месозад. 

      Анвори Суҳайлӣ
  2. чӯби ғафс, ки бо он болои хонаро мепӯшанд, болор
    • Дувӯм дониш аз осмони баланд,

      Ки бар пой чун аст бе дору банд. 

      Абушакури Балхӣ
  3. сутуни баланди ба замин шинондашудае, ки гунаҳгорони маҳкум ба эъдомро бо чилбур аз гардан ба нӯги он меовезанд
    • Сухан бифганад минбару дорро,

      Зи сӯрох берун кашад морро. 

      Абушакури Балхӣ бештар
    • Сари ӯро зи дор андешае не,

      Ба ғайр аз дуздӣ ӯро пешае не. 

      Саййидо
    дор кардан دار کردن
    феъл
     ба дор овехта куштан 
    ба дор кардан به دار کردن
    феъл
    овехтан, ба дор кашидан 
    бар дор дӯхтан بر دار دوختن
    феъл
     овехтан, ба дор задан; қатл кардан, куштан
  4. иншооти махсусе, ки арғамчинҳои ғафсро ба сари чӯбҳои ба замин нишондашуда таранг баста, дорбозҳо бар болои он баромада, бозӣ ва ҳунарнамоӣ мекунанд
дор دار II
арабӣ
исм
хона, ҳавлӣ; ҷой, манзил
  • Ғанимат дон ту ин дамро, ки даври ҷоми миноӣ,

    На дораш монд, не доро, на қасраш монду не қайсар.

    Бадри Чочӣ бештар
  • Рафт шодию тараб, омад ғам бар ҷояш,

    Дори меҳнат шуда аз ғусса тарабхонаи талх. 

    Имло
дор دار V
исм
муҳандисии манобеи табиии муҳитзист ва ҷангал дарахтҳое, ки метавон аз онҳо алвор тавлид кард

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии дор, маънии вожаи дор, маънии калимаи дор, маънии ибораи дор, маънои дор, маънои вожаи дор, маънои калимаи дор, маънои ибораи дор, таърифи дор, таърифи вожаи дор, таърифи калимаи дор, таърифи ибораи дор, значение дор, значение слова дор, значение фразы дор, значение выражения дор, определение дор, определение слова дор, определение фразы дор, определение выражения дор