Зулфи мушкинат ҷудо машшота гар аз шона кард,
Дасти он машшота мебояд ҷудо аз шона кард.
Нахустин кӯй, ки ба дасти чап [аст], онро кӯи Риндон хонанд.
Якдигарро биёзмоем, то даст киро бувад ва ки аз пой дарояд.
Бартар накашад қадри туро дасти вазорат,
Афзун накунад саъи самар соҳати ямро.
Назар кардам зи рӯи таҷрибат, ҳаст
Хӯришҳои ҷаҳон чун хориши даст,
Ба аввал даст чун хориш хуш уфтад,
Ба охир даст дар даст оташ уфтад.
Ман гирифтам, ки қимор аз ҳама бурдӣ, лекин
Дасти охир ҳама андохта мебояд рафт.
Дорӣ аз он ду соид пурсим остинҳо,
Аз дилбарон, ки дорад з-ин даст дасткорӣ?
Ҷавобаш дод, гуфташ; Эй накӯкор,
Бирав, аз дасти Лайлӣ шав хабардор!
Даҳ даст ҷомаи Кисро ёфтанд аз ҳарири чинӣ, ҳама то шалворбанд мурассаъ буд.
бештарХоҳӣ, ки рост гардад пушти дутои ман,
Як даст хилъатам деҳ, як даст чорпой.
Канизе фиристоду як тан ғулом,
Яке даст ҷома, яке хон таъом.