дастур دستور I
исм
  1. вазир
    • Бихонд он ҷаҳондида Ҷомоспро,

      Ки дастур буд шоҳ Гуштоспро. 

      Дақиқӣ бештар
    • Арасту, ки дастури даргоҳ буд,

      Ба ҳар неку бад маҳрами шоҳ буд. 

      Низомӣ
  2. маҷ. роҳнамо
    • Зафар вайро далелу ҷуд ганҷур,

      Вафо вайро амину ақл дастур. 

      Фахриддини Гургонӣ
    дастур кардан دستور کردن
    феъл
    раҳнамо қарор додан; оин кардан, пеша кардан
  3. тарз, тариқ; қоъида, қонун, расм, одат
    • Дастур он аст, ки ҷавшан бар андом озмуда мешавад.

      Авфӣ бештар
    • Дастури ҷаҳон, бародар, ин аст,

      Айшаш ба миён, ғамаш камин аст. 

      Шоҳин
  4. рухсат, иҷозат, фармоиш
    дастур додан دستور دادن
    феъл
    иҷозат додан; супориш ва фармон додан
    дастур доштан دستور داشتن
    феъл
    1. 1.
      раҳбару раҳнамо қарор додан 
    2. 2.
      иҷозат доштан; фармон доштан
    ба дастури به دستور
    1. 1.
      ба тарзи..., ба тартибу қоъидаи..., ба расму оини... 
    2. 2.
      бо иҷозати..., бо фармоиши... 
дастур دستور II
исм
забоншиносӣ нигаред ба дастури забон 3; тавсифе аз низоми ҷумлаҳо ва созаҳои он ба шакли маҷмӯъае аз қавоъид; дастур
дастур دستور III
исм
риёзӣ нигаред ба фурмул II 1; қоъида ё асл ё робитае, ки бо истифода аз намодҳои риёзӣ баён шуда бошад; дастур

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии дастур, маънии вожаи дастур, маънии калимаи дастур, маънии ибораи дастур, маънои дастур, маънои вожаи дастур, маънои калимаи дастур, маънои ибораи дастур, таърифи дастур, таърифи вожаи дастур, таърифи калимаи дастур, таърифи ибораи дастур, значение дастур, значение слова дастур, значение фразы дастур, значение выражения дастур, определение дастур, определение слова дастур, определение фразы дастур, определение выражения дастур