дасткор دستکار
исм
  1. кори дастӣ, он чи бо даст сохта ва пардохта шудааст; кор, амал
    • Гуфтам ин захм, к-ӯ зи чашми бад аст,

      Дасткори кадом дому дад аст? 

      Низомӣ бештар
    • Чун остин зи даст гузаштаст кори ман,

      Ӯ дарнамекашад зи чунин дасткор даст.

      Камоли Исмоил
  2. ҳунармандӣ, санъаткорӣ, корнома нишон додан дар санъат 
    • Бигуфто: Бар нашоти номи ёре,

      Кунам з-ин сон, ки бинӣ дасткоре. 

      Низомӣ
  3. нақшу нигоре, ки ба деворҳо мекашанд ё ба сангҳо нақш мекунанд 
    • Бар ин гӯша румӣ кунад дасткор,

      Бар он гӯша чинӣ нигорад нигор. 

      Низомӣ
  4. маҷ. моҳир, чобукдаст
    • Боди хоразмӣ чу сангиндил пизишки дасткор

      Даст пур мисбор дорад, остин пур нештар. 

      Азрақӣ бештар
    • Гул чун табиби дасткор, ороста бар ҷуйбор,

      Ояд, ки наргисро ба хор аз дида бардорад сабал. 

      Фалакӣ
  5. маҷ. ёридиҳанда, мададгор
    • Бодаш саъодат дастёр, арвоҳи қудсӣ дасткор,

      Аҷроми улви пешкор, Эзад нигаҳбон бод ҳам. 

      Хоқонӣ

Феҳристи ихтисорот

ва ғ. ва ғайра
ва м. ин ва монанди ин (инҳо)
зарб. зарбулмасал
мақ. мақол
мас. масалан
маҷ. маҷозан
муқ. муқоиса шавад бо...
ниг. нигаред ба...
нум. нумератив
пасв. пасванд
пешв. пешванд
ҷ. ҷамъи...
ш. шаҳри...
vozhaju, vajaju, vojaju, vazhehju, vajehju, вожачу, вожаджу, важачу, важаджу, Фарҳанги форсии тоҷикӣ Вожаҷӯ. Таърифҳо аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» ва дигар фарҳангу вожаномаҳои тоҷикӣ ва форсиро дар бар дорад. Ҳар вожае ба ду хатт – тоҷикӣ ва форсӣ навишта шудааст. Толковый словарь таджикского персидского языка Вожаджу. Содержит определения из «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ» и других таджикских и персидских словарей. Каждое слово имеет два написания - на таджикском и на фарси. маънии дасткор, маънии вожаи дасткор, маънии калимаи дасткор, маънии ибораи дасткор, маънои дасткор, маънои вожаи дасткор, маънои калимаи дасткор, маънои ибораи дасткор, таърифи дасткор, таърифи вожаи дасткор, таърифи калимаи дасткор, таърифи ибораи дасткор, значение дасткор, значение слова дасткор, значение фразы дасткор, значение выражения дасткор, определение дасткор, определение слова дасткор, определение фразы дасткор, определение выражения дасткор